Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,5% афзуд

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской областиСбор урожая картофеля в Хатлонской области. Архивное фото
Сбор урожая картофеля в Хатлонской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2025
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон аз мунтазам афзоиш ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 40,5 млрд сомонӣ баробар гардид.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,5% зиёд мебошад.
Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 6,6% (26 млрд.973,7 млн.сомонӣ) ва 9,6% (13 млрд. 76,6 млн. сомонӣ)-ро ташкил додааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 14,1%-ро ташкил дод.
Уборка пшеницы в Красноярском крае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО
Қайд карда шудааст, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 39,3% ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.
Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 46,6%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои ВМКБ 77,3%, вилоятҳои Хатлон 51,1%, Суғд 37,6% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50,9%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0