Фоҷиа дар роҳ: Ҳалокати 5 узви як хонавода дар садамаи роҳи Душанбе - Хуҷанд

© SputnikДорога Худжанд-Душанбе. Архивное фото
Дорога Худжанд-Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2025
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, сабаби ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд метавонад суръати баланди ҳаракати мошинҳо бошад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар паи барххурди мошини сабукрав ва "Дулан" панҷ узви як хонавода ҳалок шуда, як тан дар бемористон бистарӣ шуд.
Ин ҳодисаи мудҳиш нисфирӯзии 20 сентябр дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи иттилои КҲФ электромобил, ки ба сокини 45 - солаи шаҳри Истаравшан тааллуқ доштааст, ҳамроҳии 4 узви хонаводааш, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар роҳ бо боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдааст.
"Дар баробари бархӯрди шадиди ду мошин дар ҷойи ҳодиса таркиш ба вуқӯъ пайвастааст. Ронанда ва ҳамсафаронаш дар макони ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳалокшудагони ин садама, ронанда ва падари хонавода 45-сола, модари хонадон 41-сола, ду духтар, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол дошт ва писари панҷсола мебошанд.
Ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” - сокини шаҳри Истаравшан бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст.
КҲФ ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафари роҳи дур ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ қоидаҳои бехтарӣ ва амниятро ҷиддан риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0