Ба вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ИДМ вазифаи нав доданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2025
Обуна шудан
Вазири кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун раиси Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои ИДМ оид ба комплекси агросаноатӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаҳои коплекси агросаноатӣ барои солҳои 2025-2026 интихоб гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин тасмим дар ҷаласаи 37-уми Шӯро, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд, гирифта шуд.
"Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои комплекси агросаноатӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ барои солҳои 2025-2026 интихоб шуд", — иттилоъ додааст вазорат.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён масоили амнияти озуқаворӣ, таҳкими худтаъминкунии минтақавӣ, коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Уборка пшеницы в Красноярском крае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО
Бино ба иттилои хадамоти матбуот ин вазорат, намояндагони Беларус ва Қазоқистон ба масъалаи дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим ва зарурати модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хосаи доданд.
Ҳамчунин иштирокдорони ин ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои соли 2026 тасдиқ намуда, тадбирҳои пешгирии паҳншавии малах ва рушди гӯсфандпарвариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2026 дар Узбекистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0