Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳои ғарб аз суқути боз як шаҳр дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ хабар доданд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоевая работа танкистов группировки войск "Центр" на Покровском направлении. Архивное фото
Боевая работа танкистов группировки войск Центр на Покровском направлении. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2025
Обуна шудан
Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд артиши Украина имкони боздоштани ҳамлаҳои густардаи нерӯҳои Русияро дар минтақаи Красноармейск надорад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши шабакаи телевизионии бритониёии Sky News, артиши Украина метавонанд ба зудӣ муҳимтарин шаҳр дар хатти ҷабҳа Красноармейскро таслим кунанд.
"Мудофиаи Украина аз шаҳри муҳими Красноармейск, ки беш аз як сол боз идома дошт, ба охир мерасад. Ҳамлаҳои Русия нерӯҳои украиниро аз ин шаҳр берун мекунад".
Ба гуфтаи Марина Мирон, коршиноси шӯъбаи пажӯҳишҳои дифоии Коллеҷи Шоҳонаи Лондон, вазъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Красноармейск бадтар шудааст, зеро нирӯҳои Русия тамоми масирҳои таъминотро таҳти назорат гирифта ва бо истифода аз паҳподҳо як минтақаи қатл ташкил додаанд.
Ба гуфтаи вай, агар ин шаҳрак озод карда шавад, роҳ ба шаҳрҳои муҳиме чун Краматорск ва Славянск барои артиши Русия боз хоҳад шуд.
Дмитрий Песков, пресс-секретарь президента РФ   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Аврупо ва Украина барои ташкили нишаст дар сатҳи олӣ омода нестанд
Красноармейск яке аз марказҳои муҳимтарини артиши Украина дар ҶМД ва тамоми гурӯҳи оперативӣ-стратегии нерӯҳои Украина "Хортитса" мебошад. Он дар 66-километрии шимолу ғарби Донетск ҷойгир аст.
Як рӯз пеш сардори ситоди кулли Русия Валерий Герасимов қайд кард, ки ҷангҳои шадидтарин дар минтақаи низомии шимолӣ айни замон дар самти Красноармейск ҷараён доранд, ки дар он ҷо душман талафоти зиёд дидааст.
Лентаи хабарҳо
0