https://sputnik.tj/20250917/tojikiston-hajmi-mahsuloti-sanoat-1071271463.html
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 40,2 млрд. сомонӣ расид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 40,2 млрд. сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳарсола ба тадриҷ зиёд мегардад
2025-09-17T15:59+0500
2025-09-17T15:59+0500
2025-09-17T16:10+0500
дар тоҷикистон
саноат
маҳсулоти саноат
иқтисод
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2d410597b8010e9af1eb7c563c2e8a31.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 40,2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 23,5% таъмин гардидааст.Қайд карда шудааст, ки дар ин давра омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6,1%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 11% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 7,5% ба амал омадааст.Зикр гардидааст, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,5%, вилояти Хатлон 6,1% ва шаҳри Душанбе 20,6% баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 13,6% ва ВМКБ ба 6,4% баробар гардид.Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 60,9% ва Хатлон 19,6% афзалият доранд.Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, дар давраи ҳисоботӣ 3912 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 353 адад, коркард — 3384 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 103 адад фаъолият намудаанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42068
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_351:0:3072:2041_1920x0_80_0_0_12b571a318558913860f6d784a025f88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулоти саноатӣ, истеҳсол, саноат, ммд, иқтисод
тоҷикистон, маҳсулоти саноатӣ, истеҳсол, саноат, ммд, иқтисод
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 40,2 млрд. сомонӣ расид
15:59 17.09.2025 (Навсозишуда: 16:10 17.09.2025) Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳарсола ба тадриҷ зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 40,2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 23,5% таъмин гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6,1%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 11% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 7,5% ба амал омадааст.
Зикр гардидааст, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,5%, вилояти Хатлон 6,1% ва шаҳри Душанбе 20,6% баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 13,6% ва ВМКБ ба 6,4% баробар гардид.
Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 60,9% ва Хатлон 19,6% афзалият доранд.
Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, дар давраи ҳисоботӣ 3912 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 353 адад, коркард — 3384 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 103 адад фаъолият намудаанд.