https://sputnik.tj/20250916/barrasii-tasisi-doloni-naqliyoti-logistikii-dushanbe-bishkek-1071215485.html
Баррасии таъсиси долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек
Баррасии таъсиси долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуд
2025-09-16T10:48+0500
2025-09-16T10:48+0500
2025-09-16T10:48+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамкорӣ
равобит
рустам эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071215462_0:209:2560:1649_1920x0_80_0_0_4b2451e2b1c0bbc6bf7b807a4b05d656.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Қайд карда шудааст, ки зимни музокирот ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.Инчунин дар мулоқот такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо дарназардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.Зикр гардидааст, ки тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мушоҳида расид.Ҳамчунин тарафҳо ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавасссути “равзанаи ягона”, таъсис додани долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.Роҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва энергетикаро зарур донистанд.Тарафҳо омодагии худро барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон изҳор карданд.Қайд карда шудааст, ки Рустам Эмомалӣ бо Нурланбек Тургунбек уулу дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ гуфтугӯ кард.
https://sputnik.tj/20250915/raisi-parlumoni-qirghiziston-tojikiston-omad-1071205670.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0f/1071215462_99:0:2460:1771_1920x0_80_0_0_7dd27e4b0fdf3f6d94a526fa4cc170e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, сиёсат, нақлиёт, рустам эмомалӣ, мулоқот
тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, сиёсат, нақлиёт, рустам эмомалӣ, мулоқот
Баррасии таъсиси долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек
Дар Душанбе доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни музокирот ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.
Инчунин дар мулоқот такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо дарназардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Зикр гардидааст, ки тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мушоҳида расид.
Ҳамчунин тарафҳо ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавасссути “равзанаи ягона”, таъсис додани долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Роҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва энергетикаро зарур донистанд.
Тарафҳо омодагии худро барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон изҳор карданд.
Қайд карда шудааст, ки Рустам Эмомалӣ бо Нурланбек Тургунбек уулу дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ гуфтугӯ кард.