Раҳмон ба Қатар сафар кард

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар
 Рабочий визит Эмомали Рахмона в Катар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷа, ёрдамчиаш оид масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба давлати Қатар сафар кард
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба Давлати Қатар сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Зикр гардидааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бори ахир Эмомалӣ Раҳмон 2 октябри соли 2024 сафар карда буд.
Раисҷумҳур он замон ба Давлати Қатар барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё сафар карда буд.
Раҳмон дар Ховалинг ба дастранҷи деҳқонон шинос шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2025
Раҳмон дар Ховалинг ба дастранҷи деҳқонон шинос шуд.
Бори аввал Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7-уми майи соли 2007 сафар карда буд.
Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 сурат гирифт, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба Тоҷикистон буд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13-уми декабри соли 1994 барқарор гардиданд.
Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон миёни ду кишвар 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0