https://sputnik.tj/20250915/iiao-sohibkoron-istemolgaron-muhit-bekhatar-1071207563.html
Дар ИИАО барои соҳибкорон ва истеъмолгарон муҳити бехатару шаффоф фароҳам месозанд
Дар ИИАО барои соҳибкорон ва истеъмолгарон муҳити бехатару шаффоф фароҳам месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷӯҳ ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирии қонуншиканиҳо дар Интернет, ташкили хадамоти ҷустуҷӯӣ барои тафтиши моликияти саноатӣ равона шудааст
2025-09-15T18:02+0500
2025-09-15T18:02+0500
2025-09-15T18:02+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
ҳамкорӣ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064482603_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_ae699210df9c96e26d648b8478837ce3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ИИАО муҳити амн ва шаффофро барои соҳибкорон ва истеъмолгарон фароҳам месозанд, итттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Ахиран дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ оид ба моликияти зеҳнии назди Раёсати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ташаббусҳои асосӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ шуданд.Тавре зикр гардид, дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё соли гузашта 6,6 миллион молҳои қалбакӣ ошкор шуда, 1465 қонуншиканӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ сабт шудааст.Ин маълумот дар гузориши пешниҳодшуда оид ба мониторинги амалияи татбиқи қонун дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои соли 2024 инъикос ёфтааст."Дар аввали феҳрист молҳои рӯзмарра қарор гирифтаанд: либос ва пойафзол, техникаи маишӣ, қисмҳои автомобил, инчунин атриёт ва ороиш. Инҳо категорияҳое ҳастанд, ки дар назди қонуншиканон осебпазиранд", — гуфт Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молиявии КИАО.Таваҷҷӯҳ ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирии қонуншиканиҳо дар Интернет ва ташкили хадамоти ҷустуҷӯӣ барои тафтиши объектҳои моликияти саноатӣ равона карда шуд.Ин тадбирҳо дар чаҳорчӯби нақшаи татбиқи Самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё то соли 2025 буда, ба фароҳам овардани муҳити амн ва шаффоф барои соҳибкорон ва истеъмолгарон нигаронида шудаанд.Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи роҳандозии Феҳристи ягонаи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҷорӣ намудани системаи бақайдгирии тамғаҳои молӣ ва номҳои истеҳсоли молҳо дар ИИАО баррасӣ шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44832
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064482603_636:221:3072:2048_1920x0_80_0_0_c32be300fc45cb5a20332125433f740d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, соҳибкорон, истеъмолгарон, интернет
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, соҳибкорон, истеъмолгарон, интернет
Дар ИИАО барои соҳибкорон ва истеъмолгарон муҳити бехатару шаффоф фароҳам месозанд
Таваҷҷӯҳ ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирии қонуншиканиҳо дар Интернет, ташкили хадамоти ҷустуҷӯӣ барои тафтиши моликияти саноатӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ИИАО муҳити амн ва шаффофро барои соҳибкорон ва истеъмолгарон фароҳам месозанд, итттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ахиран дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ оид ба моликияти зеҳнии назди Раёсати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ташаббусҳои асосӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ шуданд.
Тавре зикр гардид, дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё соли гузашта 6,6 миллион молҳои қалбакӣ ошкор шуда, 1465 қонуншиканӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ сабт шудааст.
Ин маълумот дар гузориши пешниҳодшуда оид ба мониторинги амалияи татбиқи қонун дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои соли 2024 инъикос ёфтааст.
"Дар аввали феҳрист молҳои рӯзмарра қарор гирифтаанд: либос ва пойафзол, техникаи маишӣ, қисмҳои автомобил, инчунин атриёт ва ороиш. Инҳо категорияҳое ҳастанд, ки дар назди қонуншиканон осебпазиранд", — гуфт Бахит Султонов, вазири иқтисод ва сиёсати молиявии КИАО.
Таваҷҷӯҳ ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирии қонуншиканиҳо дар Интернет ва ташкили хадамоти ҷустуҷӯӣ барои тафтиши объектҳои моликияти саноатӣ равона карда шуд.
Ин тадбирҳо дар чаҳорчӯби нақшаи татбиқи Самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё то соли 2025 буда, ба фароҳам овардани муҳити амн ва шаффоф барои соҳибкорон ва истеъмолгарон нигаронида шудаанд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи роҳандозии Феҳристи ягонаи гумрукии объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҷорӣ намудани системаи бақайдгирии тамғаҳои молӣ ва номҳои истеҳсоли молҳо дар ИИАО баррасӣ шуд.