ШҲБ дар бораи шикоятҳо оиди имтиҳони забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон гуфт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОбучение детей мигрантов в Москве
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2025
Обуна шудан
Шӯрои ҳуқуқи башари Русия қайд кард, ки дар мавриди ҷорӣ кардани санҷиши нав барои кӯдакони муҳоҷир ҳеҷ шикояте дарёфт накардааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар бораи ҷорӣ кардани имтиҳони ҳатмии забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон ба Шӯрои президент оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар шикояте ворид нашудааст.
Дар ин бора раиси шӯро Валерий Фадеев хабар додааст.
"Дарёфт накардаем. Ман интизорам, аммо нагирифтаем", - гуфт ӯ дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон.
Фадеев инчунин кайд кард, ки ба фикри ӯ, супоришҳои забони русӣ душвор аст, вале бисёри онҳое, ки бо имтиҳон қабул шудаанд, аз он гузаштаанд.
"Яъне онҳо ба таври феноменалӣ душвор набуданд", - гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Федератсияи Русия.
Моҳи июн маълум шуд, ки танҳо 7%-и кӯдакони муҳоҷире, ки барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ муроҷиат кардаанд, аз имтиҳони забони русӣ гузаштаанд.
Ба ин тартиб, аз 3,6 ҳазор кӯдак, ки барои супоридани имтиҳони забони русӣ барои дохил шудан ба мактабҳои русӣ муроҷиат кардаанд, танҳо ҳудуди 270 нафар тавонистаанд аз тартиби имтиҳон пурра гузаранд.
Председатель Государственной думы Вячеслав Володин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2025
Володин аз коҳиши қабули фарзандони муҳоҷирон ба макотиби Русия гуфт
Аз 1 апрели соли 2025 дар Русия санҷиши ҳатмии забони русӣ барои кӯдакони хориҷӣ ҳангоми қабулшавӣ ба мактаб ҷорӣ шудааст.
Қонун дар бораи мамнӯъияти қабули кӯдакони хориҷие, ки забони давлатиро намедонанд, моҳи декабри соли 2024 аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин имзо шуда буд.
Кӯдак барои гуфтор, гӯш кардан, хондан, навиштан, фаҳмиши нутқи шифоҳӣ, дониши лексикӣ ва грамматикӣ санҷида мешавад.
Натиҷаи мусбии санҷиш баҳои "қаноатбахш" -ро талаб мекунад. Дар сурати паст будани хол ба кудак имконият дода мешавад, ки аз омузиши иловагии забони русй гузарад.
Имтиҳонро на дертар аз се моҳ пас, аз нав супурдан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0