https://sputnik.tj/20250913/elon-dovaron-bozi-istiqlol-krishtianu-1071125893.html
Эълони доварони бозии тими "Истиқлол" ва дастаи Криштиану
Эълони доварони бозии тими "Истиқлол" ва дастаи Криштиану
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҳайси довари асосӣ нафаре интихоб шудааст, ки пештар низ бозии ин ду дастаро арзёбӣ карда буд 13.09.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-09-13T10:29+0500
2025-09-13T10:29+0500
2025-09-13T10:29+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
криштиану роналду
тими "истиқлол"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071124639_0:111:1280:832_1920x0_80_0_0_93cbf7225ef9a1f2ec29a874fada07ca.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати доварон дар бозии "Ал-Наср" ва "Истиқлол" аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё муайян шуданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии тими "Истиқлол" гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои КФО миёни тимҳои "Ал-Наср" ва "Истиқлол"-ро як доваре, ки пештар низ бозии ин ду тимро арзёбӣ кардааст, баҳогузорӣ менамояд.Ҳамин тавр, довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд.Ӯ қаблан дар мавсими 2023-2024 вохурии дастаҳоро ҳакамӣ намуда буд. Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”- и Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр баргузор мешавад.Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе."Истиқлол" дар ин гуруҳи D ба ғайр аз "Ал-Наср" боз бо дастаҳои "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.Аз рӯи натиҷаҳои ин қуръакашӣ саудиҳо барои бозии ҷавобӣ ба Душанбе меоянд.Дар ҳамин ҳол, пешгӯӣ мешавад, ки дар ҳайати онҳо Роналду ҳам вориди Тоҷикистон мешавад.
https://sputnik.tj/20250815/krishtianu-ronaldu-ba-tojikiston-meoyad-1070035675.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071124639_53:0:1190:853_1920x0_80_0_0_4740ce3b05bd0efb8e6841e3a32217f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доварони бозии "истиқлол", дастаи криштиану
доварони бозии "истиқлол", дастаи криштиану
Эълони доварони бозии тими "Истиқлол" ва дастаи Криштиану
Ба ҳайси довари асосӣ нафаре интихоб шудааст, ки пештар низ бозии ин ду дастаро арзёбӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати доварон дар бозии "Ал-Наср" ва "Истиқлол" аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё муайян шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии тими "Истиқлол" гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои КФО миёни тимҳои "Ал-Наср" ва "Истиқлол"-ро як доваре, ки пештар низ бозии ин ду тимро арзёбӣ кардааст, баҳогузорӣ менамояд.
Ҳамин тавр, довари асосии ин бозӣ довари ФИФА Ко Хюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ хоҳад буд.
Ӯ қаблан дар мавсими 2023-2024 вохурии дастаҳоро ҳакамӣ намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”- и Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр баргузор мешавад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор мегардад.
Оғози бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе.
"Истиқлол" дар ин гуруҳи D ба ғайр аз "Ал-Наср" боз бо дастаҳои "Ал Завра"-и Қатар ва "Гоа"-и Ҳиндустон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.
Аз рӯи натиҷаҳои ин қуръакашӣ саудиҳо барои бозии ҷавобӣ ба Душанбе меоянд.
Дар ҳамин ҳол, пешгӯӣ мешавад, ки дар ҳайати онҳо Роналду ҳам вориди Тоҷикистон мешавад.