https://sputnik.tj/20250911/tojikiston-pardokht-muzd-mehnat-beshtar-1071055248.html
Соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат бештар маблағ равона мешавад
Соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат бештар маблағ равона мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат бештар маблағ ҷудо мешавад
2025-09-11T09:31+0500
2025-09-11T09:31+0500
2025-09-11T09:31+0500
вазорати молия
ммд
буҷа
музди меҳнат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 16,4 млрд сомонӣ дар Тоҷикистон соли 2026 ба пардохти музди меҳнат равона хоҳад шуд. Ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ ҳудуди 26,4% зиёд мебошад, зикр шудааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи Тоҷикистон барои соли оянда.Ҳаҷми маблағе, ки соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат равона мегардад, муодили қариб 8,4%-и ММД мебошад.Барои бахши ҳокимият ва идора бошад, дар Тоҷикистон соли 2026 қариби 2,5 млрд сомонӣ равона мешавад. Ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон барои ин бахш, 13% зиёд мебошад, ҳисоб кардааст Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Таъкид шудаст, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд шудани маоши кормандон ва ҷудо шудани воҳидҳои иловагии корӣ сурат мегирад.Қариби 48%-и буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли оянда барои соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад. Ба ин бахшҳо маҷмуан 28,5 млрд сомонӣ равона хоҳад шуд, ки нисбати соли ҷорӣ 19% зиёд мебошад, зикр гардидааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пардохт, музди меҳнат, тоҷикистон
пардохт, музди меҳнат, тоҷикистон
Соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат бештар маблағ равона мешавад
Соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат бештар маблағ ҷудо мешавад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 16,4 млрд сомонӣ дар Тоҷикистон соли 2026 ба пардохти музди меҳнат равона хоҳад шуд.
Ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ ҳудуди 26,4% зиёд мебошад, зикр шудааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи Тоҷикистон барои соли оянда.
Ҳаҷми маблағе, ки соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат равона мегардад, муодили қариб 8,4%-и ММД мебошад.
Барои бахши ҳокимият ва идора бошад, дар Тоҷикистон соли 2026 қариби 2,5 млрд сомонӣ равона мешавад.
Ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон барои ин бахш, 13% зиёд мебошад, ҳисоб кардааст Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Таъкид шудаст, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд шудани маоши кормандон ва ҷудо шудани воҳидҳои иловагии корӣ сурат мегирад.
Қариби 48%-и буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли оянда барои соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад.
Ба ин бахшҳо маҷмуан 28,5 млрд сомонӣ равона хоҳад шуд, ки нисбати соли ҷорӣ 19% зиёд мебошад, зикр гардидааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ.