https://sputnik.tj/20250911/qadimtarin-osiyo-markazi-khovaling-osorkhona-1071074117.html
Дар қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ - Ховалинг, осорхонаи таърихии асри санг боз шуд
Дар қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ - Ховалинг, осорхонаи таърихии асри санг боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад
2025-09-11T12:46+0500
2025-09-11T12:46+0500
2025-09-11T16:18+0500
осорхона
фарҳанг
ховалинг
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071073130_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_54b6f346e73cd4d3a1c9ea539ac57fd1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии асри санг боз шуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш дода, афзудааст, ки кишвардор ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара ошно шудааст.Гуфта мешавад, ки дар Осорхона ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.Интизор меравад, ки осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ ва баъди истиқлол мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ нақши бориз мегузорад.Ба иттилои таърихшиносон кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамонро пайдо кардааст, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудааст.Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуд.Қадимтарин гӯшаи Осиёи МарказӣЗимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 млн сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд.Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи он аст, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071073130_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_ccb2fe45700d9839af0e92420e21e4e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қадимтарин гӯша, осиёи марказӣ, тоҷикистон, ховалинг
қадимтарин гӯша, осиёи марказӣ, тоҷикистон, ховалинг
Дар қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ - Ховалинг, осорхонаи таърихии асри санг боз шуд
12:46 11.09.2025 (Навсозишуда: 16:18 11.09.2025) Ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии асри санг боз шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш дода, афзудааст, ки кишвардор ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара ошно шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар Осорхона ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
Интизор меравад, ки осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ ва баъди истиқлол мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ нақши бориз мегузорад.
Ба иттилои таърихшиносон кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамонро пайдо кардааст, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуд.
Қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.
Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 млн сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд.
Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи он аст, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.