https://sputnik.tj/20250911/muallim-nizom-baho-dahbali-tojikiston-video-1071094574.html
Омӯзгори Душанбе дар бораи низоми баҳогузории 10 - хола дар Тоҷикистон - видео
Омӯзгори Душанбе дар бораи низоми баҳогузории 10 - хола дар Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби панҷсоларо иваз карданд. Чӣ гуна системаҳои баҳодиҳӣ фарқ мекунанд ва кадоме аз онҳо беҳтар аст - видеоро тамошо кунед
2025-09-11T18:23+0500
2025-09-11T18:23+0500
2025-09-11T18:34+0500
видео
маориф
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071093207_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_8286b8f6bca4e3d7917e69c60a1538e6.jpg
Низоми баҳодиҳӣ, ки дар тӯли зиёда аз 200 сол дар мактабҳо истифода мешавад, ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим буда, меъёри асосиест, ки барои муайян кардани сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ мусоидат мекунад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, омӯзгори забон ва адабиёти руси литсейи рақами 1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Надежда Мелентий гуфт. Аксарияти муаллимон ва падару модарон ба низоми панч-баллӣ одат кардаанд. Аммо, ин меъёри баҳогузорӣ имкон намедиҳад, ки омӯзгорон дар марҳилаи имрӯза дониши хонандаро дуруст ва холисона арзёбӣ намоянд. Ва аз ин рӯ, истифодаи густурдаи баҳои ба мисли 4+, се бо минус, панҷ бо минус ё панҷ бо плюс, паҳн шуд."Мехоҳам як камбудии дигарро номбар кунам. Ин нарасидани баҳои миёна аст. Ин, масалан, вақте ки ҳанӯз 5 нест, аммо дигар 4 ҳам нест", - афзуд вай.Баҳогузории 10-хола дар тамоми манотиқи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавадЗимнан, низоми даҳ-баллӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият истифода мешавад. Дар бисёр мамолики Амрикои Лотинӣ ин низом хеле маъмул аст. Ин система дар Испания, Италия, Португалия, Нидерландия, Белорус, Қазоқистон, Гурҷистон истифода мешавад. Яъне дар ин кишварҳо ҳадди аксар 10 балл аст. Фарқи асосии байни системам даҳ-баллӣ аз панҷ-баллӣ маҳз дар чуқуртар тасниф кардани комёбиҳои талаба мебошад. "Таснифи васеъ имкон медиҳад, ки сатҳи дониши ҳозираи хонандаро возеҳу воқеъбинона муайян созед. Ин система аз ҷиҳати равонӣ роҳат аст", — бовар дорад омӯзгор.Аммо, ба гуфтаи Мелентий, чизи асосиро бояд дар хотир дошт, ки рақамҳои рӯзнома ояндаи кӯдакро муайян намекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071093207_411:0:1851:1080_1920x0_80_0_0_416cda57b4b03e581a69a706a3a32203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муаллим, баҳои даҳбалӣ, тоҷикистон
муаллим, баҳои даҳбалӣ, тоҷикистон
Омӯзгори Душанбе дар бораи низоми баҳогузории 10 - хола дар Тоҷикистон - видео
18:23 11.09.2025 (Навсозишуда: 18:34 11.09.2025) Эксклюзив
Дар бархе аз макотиби Тоҷикистон баҳогузории даҳбалӣ ҷорӣ шуд. Фарқияти низоми нави баҳогузорӣ ва ҷанбаҳои мусбату манфии онро аз видеои мо дарёбед
Низоми баҳодиҳӣ, ки дар тӯли зиёда аз 200 сол дар мактабҳо истифода мешавад, ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим буда, меъёри асосиест, ки барои муайян кардани сатҳи азхудкунии маводи таълимӣ мусоидат мекунад.
Дар ин бора ба
Sputnik Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, омӯзгори забон ва адабиёти руси литсейи рақами 1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Надежда Мелентий гуфт. Аксарияти муаллимон ва падару модарон ба низоми панч-баллӣ одат кардаанд.
"Мо ҳама аз кӯдакӣ онро дар ёд дорем, ҳама аз рӯи он мехондем ва мувофиқи он баҳои муайян мегирифтем", - қайд кард ӯ.
Аммо, ин меъёри баҳогузорӣ имкон намедиҳад, ки омӯзгорон дар марҳилаи имрӯза дониши хонандаро дуруст ва холисона арзёбӣ намоянд.
Ва аз ин рӯ, истифодаи густурдаи баҳои ба мисли 4+, се бо минус, панҷ бо минус ё панҷ бо плюс, паҳн шуд.
"Мехоҳам як камбудии дигарро номбар кунам. Ин нарасидани баҳои миёна аст. Ин, масалан, вақте ки ҳанӯз 5 нест, аммо дигар 4 ҳам нест", - афзуд вай.
Зимнан, низоми даҳ-баллӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият истифода мешавад. Дар бисёр мамолики Амрикои Лотинӣ ин низом хеле маъмул аст. Ин система дар Испания, Италия, Португалия, Нидерландия, Белорус, Қазоқистон, Гурҷистон истифода мешавад. Яъне дар ин кишварҳо ҳадди аксар 10 балл аст.
Фарқи асосии байни системам даҳ-баллӣ аз панҷ-баллӣ маҳз дар чуқуртар тасниф кардани комёбиҳои талаба мебошад.
"Таснифи васеъ имкон медиҳад, ки сатҳи дониши ҳозираи хонандаро возеҳу воқеъбинона муайян созед. Ин система аз ҷиҳати равонӣ роҳат аст", — бовар дорад омӯзгор.
Аммо, ба гуфтаи Мелентий, чизи асосиро бояд дар хотир дошт, ки рақамҳои рӯзнома ояндаи кӯдакро муайян намекунанд.