https://sputnik.tj/20250911/ahmadzoda-sharoit-kor-tvea-dushanbe-1071081198.html
Аҳмадзода хост шароити корӣ дар “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” беҳтар карда шавад
Аҳмадзода хост шароити корӣ дар “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” беҳтар карда шавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд ба раҳбарияти “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” тавсия дод, ки истеҳсолотро бештар кунанд
2025-09-11T15:01+0500
2025-09-11T15:01+0500
2025-09-11T15:01+0500
суғд
раҷаббой аҳмадзода
ҳаҷми истеҳсол
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071078871_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ddbcc356c8781cbc4192b41da5f0cb64.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти корпоратсияи “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” Хуан Бо мулоқот кард.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат, ҷонибҳо оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумат ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ мубодилаи афкор кардаанд.Раиси вилоят ба роҳбарияти корпоратсия тавсия додааст, ки барои истифодаи босамари захираҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.Ӯ ҳамчунин, хостааст, ки ҳаҷми истеҳсолот бештар гардонида шуда, дар корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд ва шароити кору зисти кормандонро беҳтар гардонанд.Хуан Бо дар навбати худ, барои дастгириву ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки корпоратсия минбаъд низ ҳамаи уҳдадориҳои худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар рушди соҳаи саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузорад.Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушду тавсеаи фаъолияти корхонаро баррасӣ кардаанд.Бояд гуфт, моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба фаъолият оғоз намуд. Самти асосии фаъолияти корхона истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло мебошад.Корхона дар масоҳати 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсол ва коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз дар бар мегирад. Бо ба истифода додани ин коргоҳ 300 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки ин барои болоравии сатҳи иҷтимоиву иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.
https://sputnik.tj/20250726/marg-khorijiho-korkhonaho-tojikiston-1069439071.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071078871_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_27aadc25142cc3c2c6a0acf36e7bb8ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода, шароити корӣ, “твеа душанбе саноати куҳӣ”,
аҳмадзода, шароити корӣ, “твеа душанбе саноати куҳӣ”,
Аҳмадзода хост шароити корӣ дар “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” беҳтар карда шавад
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд ба раҳбарияти “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” тавсия дод, ки истеҳсолотро бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти корпоратсияи “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” Хуан Бо мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат, ҷонибҳо оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумат ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корпоратсия тавсия додааст, ки барои истифодаи босамари захираҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ӯ ҳамчунин, хостааст, ки ҳаҷми истеҳсолот бештар гардонида шуда, дар корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд ва шароити кору зисти кормандонро беҳтар гардонанд.
Хуан Бо дар навбати худ, барои дастгириву ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки корпоратсия минбаъд низ ҳамаи уҳдадориҳои худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар рушди соҳаи саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушду тавсеаи фаъолияти корхонаро баррасӣ кардаанд.
Бояд гуфт, моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба фаъолият оғоз намуд.
Самти асосии фаъолияти корхона истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло мебошад.
Корхона дар масоҳати 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсол ва коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз дар бар мегирад.
Бо ба истифода додани ин коргоҳ 300 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки ин барои болоравии сатҳи иҷтимоиву иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.