Ҳунарнамоии ситораҳо ва ҳазорон тамошобин: Таҷлили Рӯзи истиқлол дар Душанбе - Видео

Обуна шудан
34-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо тантана таҷлил шуд
Садҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт, ба истиқболи Рӯзи истиқлол барои тамошои консерти идона пешакӣ дар майдони Истиқлол ҷамъ омаданд. Барои тамошои ин барномаи рангин ҳазорон дӯстдори фарҳанг омада буданд.
Дар чорабиниҳои идона хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ ширкат дошт.
Дар майдони Истиқлол тантанаву ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуда, шомгоҳон сокинон барномаи бузурги фарҳангиро тамошо карданд.
Консерт бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо оташбозии дурахшони идона анҷом ёфт. Он якчанд дақиқа давом кард.
Аз суруду рақс то оташбозӣ: гузориши аксӣ аз таҷлили Рӯзи истиқлол дар Душанбе
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз дар саросари Тоҷикистон ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва консертҳо баргузор мешаванд.
Барномаи рангоранги таҷлили Рӯзи истиқлолро дар видеои Sputnik Тофикистон тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0