https://sputnik.tj/20250910/alisheri-mirzonabot-omuzgoru-tabib-zamin-sokhtmoni-manzil-1071008679.html
Алишери Мирзонабот ба 70 омӯзгору табиб замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дод
Алишери Мирзонабот ба 70 омӯзгору табиб замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомот аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ омӯзгор ва табиб дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
2025-09-10T10:49+0500
2025-09-10T10:49+0500
2025-09-10T10:49+0500
дар тоҷикистон
вмкб
замин
омӯзгор
табиб
тақдим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/09/1071005322_0:186:1152:834_1920x0_80_0_0_39751b3359b09c76c89c30eccc87d870.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахиран аз тақдими сертификати замин ба даҳҳо омӯзгору табибони вилоят хабар дод.Ба иттилои мақомоти ВМКБ дар шаҳри Хоруғ дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 70 нафар омӯзгору табиб, ки яке дар таълиму тарбия ва дигаре дар ҳифзи саломатии инсон саҳми мубориз доранд, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақдим гардид.Мақомоти ВМКБ қайд кардааст, ки дарбаробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ инчунин дар ин мавзеъ сохтмони иншоотҳои гуногуни хизматрасони ба нақша гирифта шуда дар оянда аз рӯи нақша бунёд мегарданд.Раиси вилоят ҳангоми супурдани сертификатҳои замин омӯзгорон ва табибонро бо ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва соҳиб гардидан бо қитъаи замин барои сохтмони хона табрик гуфта.Солҳои охир бо дастгирии Роҳбари давлат кормандони соҳаҳои маориф ва тиб бо хонаҳои хизматӣ таъмин гардида, мақомоти ВМКБ низ дар навбати худ барои беҳтару хубтар намудани шароит барои кормандони соҳаҳои зикргардида, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.Қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар пайваста барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва табиб дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44432
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/09/1071005322_0:0:1152:864_1920x0_80_0_0_7e1acf187a286c37c14a9257038ece9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, замин, хона, вмкб, мирзонеабот, сертификат, тақдим
тоҷикистон, вмкб, замин, хона, вмкб, мирзонеабот, сертификат, тақдим
Алишери Мирзонабот ба 70 омӯзгору табиб замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дод
Ба гуфтаи мақомот аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ омӯзгор ва табиб дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахиран аз тақдими сертификати замин ба даҳҳо омӯзгору табибони вилоят хабар дод.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ дар шаҳри Хоруғ дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 70 нафар омӯзгору табиб, ки яке дар таълиму тарбия ва дигаре дар ҳифзи саломатии инсон саҳми мубориз доранд, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақдим гардид.
Мақомоти ВМКБ қайд кардааст, ки дарбаробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ инчунин дар ин мавзеъ сохтмони иншоотҳои гуногуни хизматрасони ба нақша гирифта шуда дар оянда аз рӯи нақша бунёд мегарданд.
Раиси вилоят ҳангоми супурдани сертификатҳои замин омӯзгорон ва табибонро бо ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва соҳиб гардидан бо қитъаи замин барои сохтмони хона табрик гуфта.
Солҳои охир бо дастгирии Роҳбари давлат кормандони соҳаҳои маориф ва тиб бо хонаҳои хизматӣ таъмин гардида, мақомоти ВМКБ низ дар навбати худ барои беҳтару хубтар намудани шароит барои кормандони соҳаҳои зикргардида, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳукумати кишвар пайваста барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва табиб дар Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст.