https://sputnik.tj/20250909/rohi-sulhu-subot-matvienko-rustami-emomali-noma-irsol-1071002071.html
Роҳи сулҳу суботро пеш гирифтаед: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ нома ирсол кард
Роҳи сулҳу суботро пеш гирифтаед: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ нома ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои федератсияи Русия мегӯяд, ки муносибатҳои дӯстиву иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақа мебошад
2025-09-09T14:22+0500
2025-09-09T14:22+0500
2025-09-09T14:22+0500
дар тоҷикистон
валентина матвиенко
истиқлолият
рӯзи истиқлолият
паёми табрикот
рустам эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1e/1069600408_0:35:3009:1728_1920x0_80_0_0_65f8ff413a20f326262aeca0fb77b609.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишвар паёми табрикотӣ ирсол намуд."Аз номи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия шумо ва тамоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик мегӯям", - навиштааст хонум Матвиенко дар паёми худ.Раиси Шӯрои федератсия қайд кард, ки дар даврони рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷумҳурӣ ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт. Имрӯз ин иқдомҳои анҷомдода ба давлат имкон медиҳад, роҳи сулҳу суботро дилпурона пеш гирад, инчунин, сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандонро боло бурда, анъанаҳои чандинасраи таърихию миллиро ҳифз намояд.Тавре Матвиенко таъкид кардааст муносибатҳои дӯстиву иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва ҳам шарти иҷрои тарҳҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф аст."Вакилони порлумон имкон доранд, ки доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ мубодилаи афкор кунанд. Бешубҳа, ин сатҳи ҳамкорӣ ба амиқтар шудани на танҳо шарикии Русия ва Тоҷикистон, балки ба густариши равандҳои ҳамгироӣ дар ИДМ мусоидат мекунад", — навиштааст Матвиенко.Ёдовар мешавем, ки 34 сол пеш, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишварро эълон кард.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он мардум ва роҳбарияти кишварро ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт.
https://sputnik.tj/20250909/gulmahmadzoda-munosib-tojikiston-rusiya-khususiyat-strategi-1070999767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1e/1069600408_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_5d1ef23ab038ee55303b51a8b49b0f60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, матвиенко, табрик, истиқлоляит, рустам эмомалӣ номаи табрикот
тоҷикистон, матвиенко, табрик, истиқлоляит, рустам эмомалӣ номаи табрикот
Роҳи сулҳу суботро пеш гирифтаед: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ нома ирсол кард
Раиси Шӯрои федератсияи Русия мегӯяд, ки муносибатҳои дӯстиву иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақа мебошад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишвар паёми табрикотӣ ирсол намуд.
"Аз номи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия шумо ва тамоми аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик мегӯям", - навиштааст хонум Матвиенко дар паёми худ.
Раиси Шӯрои федератсия қайд кард, ки дар даврони рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷумҳурӣ ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт. Имрӯз ин иқдомҳои анҷомдода ба давлат имкон медиҳад, роҳи сулҳу суботро дилпурона пеш гирад, инчунин, сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандонро боло бурда, анъанаҳои чандинасраи таърихию миллиро ҳифз намояд.
Тавре Матвиенко таъкид кардааст муносибатҳои дӯстиву иттифоқии Русия ва Тоҷикистон, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва ҳам шарти иҷрои тарҳҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф аст.
"Вакилони порлумон имкон доранд, ки доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ мубодилаи афкор кунанд. Бешубҳа, ин сатҳи ҳамкорӣ ба амиқтар шудани на танҳо шарикии Русия ва Тоҷикистон, балки ба густариши равандҳои ҳамгироӣ дар ИДМ мусоидат мекунад", — навиштааст Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки 34 сол пеш, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишварро эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он мардум ва роҳбарияти кишварро ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт.