https://sputnik.tj/20250909/dastovardhoi-tojikiston-dar-34-soli-istiqloliyat-1071003149.html
Дастовардҳои Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият
Дастовардҳои Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият
Sputnik Тоҷикистон
Имсол, рӯзи 9 сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар - 34 солагии истиқлолияти ҷумҳурӣро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунанд
2025-09-09T15:39+0500
2025-09-09T15:39+0500
2025-09-12T19:35+0500
тасвирбаён
рӯзи истиқлолият
истиқлолият
дастовард
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071132367_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_66a019744b87e9efe18b9f716104ca76.jpg
Дар ин рӯз чун анъана раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо ва навоҳӣ сокинонро табрик мекеунанд. Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба даст овардааст, ёдовар мешаванд.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дилпурона ба сӯи ояндаи нек қадам мегузорад.Дар тӯли солҳои истиқлолият дар кишвар корҳои зиёде дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумла дар созмонҳои байналмилалӣ, қабули лоиҳаҳо аз ҷониби СММ ва дигар рӯйдодҳои назаррас анҷом дода шуданд.То имрӯз кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин саноатсозии босуръат, ҷумҳурӣ ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст.Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин пурзур намудани иқтидори иқтисодӣ давом дорад. Афзоиши босуръати ММД, ки то соли 2025 153,4 миллиард сомониро ташкил дод, аз он гувоҳи медиҳад.Илова бар ин, Тоҷикистон дар тӯли 34 соли истиқлолият дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа роҳи дуру мушкилро тай кардааст. Чунин давлати чавон аллакай бо комёбиҳои барҷастаи илму иқтисодиёт фахр дорад.Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонон дар саросари ҷумҳурӣ аз чорабиниҳои анъанавии идона баҳравар хоҳанд шуд. Чорабиниҳои асосӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.Дар барнома консертҳо, фестивалҳои мардумӣ ва оташбозӣ пешбинӣ шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0c/1071132367_196:0:1195:749_1920x0_80_0_0_202985124b7f5acc24feb18e23c35ab7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тасвирбаён, иқтисод, дастовард, истиқлолият
тоҷикистон, тасвирбаён, иқтисод, дастовард, истиқлолият
Дастовардҳои Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият
15:39 09.09.2025 (Навсозишуда: 19:35 12.09.2025) Имсол, рӯзи 9 сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар - 34 солагии истиқлолияти ҷумҳурӣро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунанд
Дар ин рӯз чун анъана раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо ва навоҳӣ сокинонро табрик мекеунанд. Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба даст овардааст, ёдовар мешаванд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дилпурона ба сӯи ояндаи нек қадам мегузорад.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар кишвар корҳои зиёде дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумла дар созмонҳои байналмилалӣ, қабули лоиҳаҳо аз ҷониби СММ ва дигар рӯйдодҳои назаррас анҷом дода шуданд.
То имрӯз кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин саноатсозии босуръат, ҷумҳурӣ ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст.
Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин пурзур намудани иқтидори иқтисодӣ давом дорад. Афзоиши босуръати ММД, ки то соли 2025 153,4 миллиард сомониро ташкил дод, аз он гувоҳи медиҳад.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар тӯли 34 соли истиқлолият дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа роҳи дуру мушкилро тай кардааст. Чунин давлати чавон аллакай бо комёбиҳои барҷастаи илму иқтисодиёт фахр дорад.
Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонон дар саросари ҷумҳурӣ аз чорабиниҳои анъанавии идона баҳравар хоҳанд шуд. Чорабиниҳои асосӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дар барнома консертҳо, фестивалҳои мардумӣ ва оташбозӣ пешбинӣ шудаанд.