“Помир Энерҷӣ” сабаби кам шудани тавлиди нерӯи барқро гуфт

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2025
Обуна шудан
Ширкати "Помир энерҷӣ" аз кам шудани тавлиди нерӯи барқ ва зиёд шудани талафони он хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Давоми ҳафт моҳи соли равон тавассути 16 неругоҳи ширкати "Помир эенрҷӣ" дар ҳаҷми 124473784 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст.
Ин нишондод, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 56662 кВт-соат камтар аст.
Дар ин бора, мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати “Помир Энерҷи”, Хоҷамир Қурбонбеков дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” хабар додааст.
Сабаби асосии камшавии тавлиди барқ дар вилоятро мудир ба норасоии об дар фасли зимистони гузашта рабт дода, иброз доштааст, ки ҷиҳати норасоии об дар рӯзҳои сармои зимистон НБО “Помир-1” низ бо иқтидори пуррааш кор карда натавонист.
Талафоти барқ дар ин давра 2117752 кВт-соат афзоиш ёфта, дар миқёси вилоят 9,55% - ро ташкил додааст.
Афзоиши талафоти барқ ба сарбории қувваи барқ дар фасли зимистон дар хатҳои баландшиддати 35 ва 110 кВ рабт дорад, гуфтааст Қурбонбеков.
Здание Барки Точик. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2025
“Солимгардонӣ”: “Барқи тоҷик” қарзҳояшро чӣ гуна танзим мекунад?
Дар ин миён, масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи барқ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи кормандони ширкат ва сохторҳои он дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо қарор дорад.
Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ба ҳолати охири моҳи июли соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 3,4 млн сомонӣ ё 7,35% зиёд гардидааст.
Оқои Қурбонбеков гуфтааст, натиҷаҳо боз ҳам беҳтар мебуданд, агар муассисаҳои алоҳидаи буҷетӣ ҳам ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт менамуданд.
Лентаи хабарҳо
0