Муовини вазир: ИДМ таъсири таҳримҳо алайҳи Русияро коҳиш медиҳад

© Sputnik / АНО «Дирекция международных программ» / Гузариш ба медиабонкВладимир Ильичев, заместитель министра экономического развития Российской Федерации
Владимир Ильичев, заместитель министра экономического развития Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъсири таҳримҳо алайҳи Русияро коҳиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ин нукта дар ҳошияи ҷаласаи 107 – уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.
Муовини вазири рушди иқтисоди Русия Владимир Иличев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, равобити наздики Русия бо кишварҳои ИДМ ба мо кумак мекунад, то таъсири таҳримҳои Ғарбро коҳиш диҳем.

“Барои мо чунин таомул иҷоза медиҳад то ба думболи таҳиякунандагони ҷадид, манобеъи ҷадиди коло бошем. Дар ин маврид то ҳадде ҳамкорони мо аз кишварҳои ИДМ он халоъҳоро, ки дар гардиши тиҷорати мо холӣ шудааст, барои убур аз таҳримҳо пур мекунанд”, - гуфт Владимир Иличев.

Вай афзуд, шуруъ аз замони эъломи таҳримҳо гардиши тиҷорати Русия бо кишварҳои дӯст сол ба сол афзойиш меёбад ва равобити иқтисодии кишварҳоро тақвият медиҳад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, афзойиши тиҷорати Русия бо кишварҳои ИДМ солона 6 то 7% дарсадро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар соли гузашта ба 10 триллион рубл расид (ин рақам дар соли 2020, замони авҷи таҳримҳо 2,3 триллионро рубл буд).
Портовой кран грузит контейнеры в морском порту в Калининграде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт
Шарикони аслии тиҷории Русия дар фазои ИДМ Белорус, Қазоқистон ва Арманистон ба ҳисоб рафта, саҳми кишварҳои ИДМ дар гардиши молии умумии Русия 15,5% - ро ташкил додааст.
Русия барои Тоҷикистон ҳамоно шарики аслии тиҷоратӣ буда, тайи нимсолаи аввал гардиши молу коло миёни онҳо ба 1,1 млрд доллар ё 10% бештар расид.
Лентаи хабарҳо
0