Масъалаи боварӣ, иқтисод, Украина ва ИМА: Нуқоти асосӣ аз суханронии Путин дар ФИШ

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на пленарной сессии Восточного экономического форума.
Президент РФ Владимир Путин на пленарной сессии Восточного экономического форума. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2025
Обуна шудан
Владимир Путин гуфт, иқтисоди Русия бояд ба иқтисоди таъминкунандаи маоши баланд табдил ёбад ва барои ин шароит ҳаст
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ дар бораи иқтисоди кишвар, муносибот бо кишварҳои Ғарб, буҳрони Украина ва рушди ҳамокриҳо бо ИМА гуфт.

Иқтисоди Русия

"Ба касе бовар кардан лозим нест, бояд ба таҷрибаи худ такя кард", - гуфт Путин дар бораи дурнамои иқтисодиёти Русия.
Сатҳи камбизоатӣ дар Русия дар даҳ сол аз 11,3% то 7,2% коҳиш ёфт, гуфт Путин. Дигар нуқоти асосии кишвардор дар бораи иқтисод:
Бонки марказӣ бошад, бо таваррум мубориза мебарад ва кӯшиш мекунад, ки ба ҳадафи 4% баргардад.
Меъёри бозтамвилро якбора паст кардан мумкин нест, зеро дар ин ҳолат нархҳо якбора баланд мераванд.
Мақомоти молии Русия ба таври касбӣ кор доранд ва сиёсати устувори макроиқтисодӣ минбаъд низ барои рушди кишвар шароит фароҳам меорад.
Бисёре аз ширкатҳои аврупоӣ Русияро бо зиён тарк карданд ва мунтазири фурсати бозгашт ҳастанд.
Ҳатто ба ҳарфҳои иқтисоддонҳо ҳам бовар кардан мумкин нест, аммо ба ҳар ҳол зарур аст, ки масъалаҳои иқтисодиро бо назардошти андешаҳои коршиносон дарк кард, на “одамоне, ки дар интернет мешинанд”, - таъкид кард Путин.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарбӣ

Президент гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ аз ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла бо кишварҳои ғарбӣ даст накашидааст.
"Мо аз касе рӯй нагардондем, мо сиёсати пешгӯишаванда ва устувор дорем. Тоҷирони аз Русия рафта, метавонанд ҳар вақт баргарданд", - қайд кард раҳабари Русия.

Буҳрони Украина ва ҳалли он

Путин гуфт, ки агар нерӯҳои хориҷӣ дар Украина пайдо шаванд, онҳо ҳадафҳои қонунӣ барои нобудсозии хоҳанд буд. Раҳбари Русия қайд кард, ки дар Украина ҳузури нерӯҳои хориҷӣ пас аз созиши сулҳи пойдор ҳеҷ маъно надорад.
Ӯ афзуд, ки то ҳол касе кафолати амнияти Русияро дар сатҳи ҷиддӣ баррасӣ накардааст.
"Ҷалби Украина ба НАТО мустақиман ба манфиатҳои Русия дар соҳаи амният рабт дорад", -, афзуд Владимир Путин дар Форум иқтисодии Шарқӣ.
Владимир Путин бовар дорад, ки масъалаҳои ҳудудӣ бояд тавассути раъйпурсӣ тасвиб шаванд ва барои ин бояд вазъӣ низомӣ бекор карда шавад.
Владимир Путин Маскавро беҳтарин макон барои мулоқоти Русия ва Украина дар сатҳи олӣ хонд.

Ҳамкорӣ бо ИМА

Русия ва Иёлоти Муттаҳида метавонанд дар Арктика якҷоя кор кунанд, гуфт Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ.
Ӯ афзуд, ки барои аз сар гирифтани фаъолияти иқтисодӣ дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида тасмими сиёсӣ лозим аст.
"Дар сатҳи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ ширкатҳо барои ҳамкорӣ омодаанд. Ин аз мо вобаста нест, мо ҳам омодаем. Аммо агар тасмимҳои сиёсӣ вуҷуд дошта бошанд, мо ба ин самт ҳаракат хоҳем кард", - гуфт раҳбари Русия.
Лентаи хабарҳо
0