https://sputnik.tj/20250905/dastur-rahmon-gvardiya-jobajoguzori-kadrho-1070910198.html
Дастури Раҳмон ба раҳбарияти Гвардияи миллӣ барои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо
Дастури Раҳмон ба раҳбарияти Гвардияи миллӣ барои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон дар чорабинӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ суханронӣ карда ба масъулин як қатор дастуру супоишҳо дод
2025-09-05T16:01+0500
2025-09-05T16:01+0500
2025-09-05T16:01+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
душанбе
гвардияи миллӣ
дастур
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/05/1070896163_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_928bc1c60cf1f479c7e39f58c8c3f347.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти низомиро номбар кард.Кишвардор гуфт, дар шароити бисёр мураккабу ҳассос, аз ҷумла шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, "ҷанги сард"масъулияти ҳайати шахсии Гвардия ва дигар сохторҳои низомӣ зиёд мегардад.Дар ин росто раисиҷумҳур ба хотири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои зикршуда таъкид кард, ки фаъолияти ҳайати фармондеҳиву, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам тақвият бахшида шавад.Кишвардор ҳамчунин таъкид кард, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.Раҳмон гуфт, онҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки тавоноии давлат ва устувории пояҳои давлатдорӣ аз ғайрату матонат ва хизмати содиқонаи онҳо вобаста мебошад.Раҳмон ёдрас шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакат, таъминот бо техникаву таҷҳизот ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии низомиён, ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.Дар фарҷом президент ҳамагонро бо 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ ва 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон шодбош гуфт.
https://sputnik.tj/20250905/rahmon-guzashti-nizomi-dushanbe-1070904969.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/05/1070896163_114:0:1933:1364_1920x0_80_0_0_b3e97fab97dc4cc1aaafbb13ba0179e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суханронӣ, раҳмон, гвардияи миллӣ
суханронӣ, раҳмон, гвардияи миллӣ
Дастури Раҳмон ба раҳбарияти Гвардияи миллӣ барои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо
Кишвардори Тоҷикистон дар чорабинӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ суханронӣ карда ба масъулин як қатор дастуру супоишҳо дод
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти низомиро номбар кард.
Кишвардор гуфт, дар шароити бисёр мураккабу ҳассос, аз ҷумла шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, "ҷанги сард"масъулияти ҳайати шахсии Гвардия ва дигар сохторҳои низомӣ зиёд мегардад.
Дар ин росто раисиҷумҳур ба хотири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои зикршуда таъкид кард, ки фаъолияти ҳайати фармондеҳиву, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам тақвият бахшида шавад.
"Роҳбарияти Гвардияи миллиро зарур аст, ки риояи бечунучаро ва ҳатмии қонуният, тақвияти корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд", - гуфт президент.
Кишвардор ҳамчунин таъкид кард, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.
Раҳмон гуфт, онҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки тавоноии давлат ва устувории пояҳои давлатдорӣ аз ғайрату матонат ва хизмати содиқонаи онҳо вобаста мебошад.
Раҳмон ёдрас шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакат, таъминот бо техникаву таҷҳизот ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии низомиён, ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.
Дар фарҷом президент ҳамагонро бо 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ ва 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон шодбош гуфт.