https://sputnik.tj/20250904/nigora-osorkhona-qishloq-yamg-video-1070875376.html
Помири бостонӣ: Дар осорхонаи Вахонӣ кадом нигораҳо маҳфузанд - видео
Помири бостонӣ: Дар осорхонаи Вахонӣ кадом нигораҳо маҳфузанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Деҳаи Ямг дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо расадхона ва осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ машҳур аст
2025-09-04T18:14+0500
2025-09-04T18:14+0500
2025-09-04T19:42+0500
видео
вмкб
ишкошим
осорхона
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/04/1070876615_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_28fb3dd913cdc6ce1a04cc00193f543d.jpg
Дар хона-осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ метавон ашёҳои қадимии мардуми Вахонро тамошо кард.Ин ашёҳо бозгӯкунандаи зиндагии қадимии мардуми Бадахшон мебошад.Дар ин баробар инҷо китобҳои қадима, асбобҳои мусиқӣ, ашёҳои рӯзгор, сару либоси мардуми Вахон ва дигар ашёҳои қадимии ин мардум маҳфуз мондаанд.Ҳамарӯза сайёҳон аз гӯшаву канори олам ба ин макон барои дидани ин мавзеъ меоянд.Расадхона бошад, дар асри XIX дар деҳаи Ямг аз ҷониби Суфи Муборакқадами Вахонӣ сохта шудааст. Расадхона аз қисматҳои сангин, аз қабили "Чилласанг", "Ҳамалхона", "Дарвоза", ва "Санги офтобӣ" иборат аст. Аз рӯи хулосаи олимон, расадхонаи Ямг яке аз мукаммалтарин расадхонаҳо дар манотиқи кӯҳистони ба ҳисоб меравад. Чун инҷо то ба ҳол мардум фарорасии ҷашни Наврӯзро тариқи санги Ямг муайян мекунанд. Ин яке аз анъанаҳои қадимае мебошад, ки то ба ҳол дар ин манотиқ боқӣ мондааст. Тафсилоти бештарро дар бораи Осорхона дар видеои Sputnik Тоҷикистон бубинед.
https://sputnik.tj/20250626/zebi-tojhoi-imperatori-yo-qissai-faromushshudai-lali-badakhshon-1068466926.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/04/1070876615_197:0:1637:1080_1920x0_80_0_0_ff5a0f0c5cf694419b29198c34917170.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигораҳо, осорхонаи қишлоқи ямг
нигораҳо, осорхонаи қишлоқи ямг
Помири бостонӣ: Дар осорхонаи Вахонӣ кадом нигораҳо маҳфузанд - видео
18:14 04.09.2025 (Навсозишуда: 19:42 04.09.2025) Деҳаи Ямг дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо расадхона ва осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ машҳур аст
Дар хона-осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ метавон ашёҳои қадимии мардуми Вахонро тамошо кард.
Ин ашёҳо бозгӯкунандаи зиндагии қадимии мардуми Бадахшон мебошад.
Дар ин баробар инҷо китобҳои қадима, асбобҳои мусиқӣ, ашёҳои рӯзгор, сару либоси мардуми Вахон ва дигар ашёҳои қадимии ин мардум маҳфуз мондаанд.
Ҳамарӯза сайёҳон аз гӯшаву канори олам ба ин макон барои дидани ин мавзеъ меоянд.
Расадхона бошад, дар асри XIX дар деҳаи Ямг аз ҷониби Суфи Муборакқадами Вахонӣ сохта шудааст.
Расадхона аз қисматҳои сангин, аз қабили "Чилласанг", "Ҳамалхона", "Дарвоза", ва "Санги офтобӣ" иборат аст.
Аз рӯи хулосаи олимон, расадхонаи Ямг яке аз мукаммалтарин расадхонаҳо дар манотиқи кӯҳистони ба ҳисоб меравад.
Чун инҷо то ба ҳол мардум фарорасии ҷашни Наврӯзро тариқи санги Ямг муайян мекунанд.
Ин яке аз анъанаҳои қадимае мебошад, ки то ба ҳол дар ин манотиқ боқӣ мондааст.
Тафсилоти бештарро дар бораи Осорхона дар видеои Sputnik Тоҷикистон бубинед.