https://sputnik.tj/20250903/dushanbe-rushd-iqtisod-raqami-idm-1070787953.html
Дар Душанбе рушди иқтисоди рақами дар қаламрави ИДМ баррасӣ мешавад
Дар Душанбе рушди иқтисоди рақами дар қаламрави ИДМ баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад
2025-09-03T09:36+0500
2025-09-03T09:36+0500
2025-09-03T09:36+0500
дар тоҷикистон
душанбе
иқтисод
идм
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051755101_0:89:1435:896_1920x0_80_0_0_5d24ee6541799bbd87d825a30fbc7f20.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ 5 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.Тавре дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ қайд кардааст, ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баргузор мешавад.Ҷаласаро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода раҳбарӣ хоҳад кард.Ба хайати Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар умури масоили иктисодӣ шомил мебошанд.Қарор аст дар Душанбе ҳайатҳои кишварҳои ИДМ 27 масъалаи муҳими иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур баррасии чунин масъалаҳо дар назар аст:Дар оянда ин ва дигар масъалаҳо ҳамчун лоиҳа таҳия мешаванд ва барои тасдиқ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда мешаванд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44002
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051755101_0:0:1195:896_1920x0_80_0_0_53c7f6414893904a455788c223c89b56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, ҳамкорӣ, иқтисод, ҷаласа, душанбе
тоҷикистон, идм, ҳамкорӣ, иқтисод, ҷаласа, душанбе
Дар Душанбе рушди иқтисоди рақами дар қаламрави ИДМ баррасӣ мешавад
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ 5 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ қайд кардааст, ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баргузор мешавад.
Ҷаласаро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода раҳбарӣ хоҳад кард.
Ба хайати Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар умури масоили иктисодӣ шомил мебошанд.
Қарор аст дар Душанбе ҳайатҳои кишварҳои ИДМ 27 масъалаи муҳими иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур баррасии чунин масъалаҳо дар назар аст:
Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии кишварҳои узви ИДМ,
Стратегияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2035,
Стратегияи рушди илмию технологии ИДМ барои солҳои 2026-2035
Нақшаи чорабиниҳо дар бораи омодагӣ ва гузаронидани Соли солимӣ дар Иттиҳод дар соли 2026.
Дар оянда ин ва дигар масъалаҳо ҳамчун лоиҳа таҳия мешаванд ва барои тасдиқ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда мешаванд.