https://sputnik.tj/20250902/putin-rusiya-hamlahoi-ukraina-tahammul-namekunad-1070793328.html
Тоқати Путин тоқ шуд: Русия дигар ба ҳамлаҳои Украина таҳаммул намекунад
Тоқати Путин тоқ шуд: Русия дигар ба ҳамлаҳои Украина таҳаммул намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш ба зарбаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба бахши энергетикӣ муддати тӯлонӣ таҳаммул мекард, аммо дигар бас аст
2025-09-02T18:59+0500
2025-09-02T18:59+0500
2025-09-02T19:07+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070793564_0:0:3133:1762_1920x0_80_0_0_1db61d807e617025a0e8dcab2bf6db40.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, муддати тӯлонӣ таҳаммул кардем, вақте ки украинҳо ба зерсохтори энергетикии кишварамон ҳамла мекарданд.Вай др мулоқот бо сарвазири Словакия таъкид кард, ки Русия ба ин ҳамлаҳо посухи ҷиддӣ хоҳад дод."Муддати тӯлонӣ, мо умуман дар бораи ҳамла ба зерсохтори ғайринизомӣ чорае надидаем. Муддати тӯлонӣ, махсусан дар фасли зимистон, мо таҳаммул мекардем. Аммо нерӯҳои украинӣ ба иншооти энергетикии мо ҳамлаҳои пайваста анҷом медоданд. Мо акнун ба посух додан шурӯъ кардем. Мо вокуниш нишон медиҳем”, - гуфт Путин.Владимир Путин илова кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ хоҳиши ҳамла ба ҳеҷ кишвареро надошт, надорад ва нахоҳад дошт.Раҳбари Русия қайд кард, ки ҳар шахси солимфикр комилан дарк мекунад, ки Русия ҳеҷ гоҳ хоҳиши ҳамла ба ҳеҷ кишваре надошт.Путин таъкид кард, ки бо кӯмаки НАТО кӯшиши азхуд кардани тамоми фазои пасошӯравӣ сурат гирифт."Бо кӯмаки НАТО кӯшиш карда мешавад, ки амалан тамоми фазои пасошӯравиро азхуд кунад, аммо мо маҷбур шудем, ки ба ин вокуниш нишон диҳем, тамоми мушкилот дар ҳамин аст", афзуд раисҷумҳури Русия.Владимир Путин илова кард, ки узвияти Украина дар НАТО ғайриқобили қабул мебошад."Дар мавриди НАТО, ин масъалаи дигар аст. Дар ин ҷо сухан дар бораи таъмини амнияти Русия меравад ва на танҳо имрӯз, на дар миёнамуддат, балки дар давраи дарозмуддат. Мавқеъҳои мо дар ин ҷо маълум аст, мо инро барои худамон ғайри қобили қабул мешуморем". – таъкид кард президенти Русия.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44219
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/02/1070793564_109:0:2840:2048_1920x0_80_0_0_e43f83251022f96756a6c953bad8b0e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, ҳамла, таҳамму, путин,
русия, амалиёти вижа, украина, ҳамла, таҳамму, путин,
Тоқати Путин тоқ шуд: Русия дигар ба ҳамлаҳои Украина таҳаммул намекунад
18:59 02.09.2025 (Навсозишуда: 19:07 02.09.2025) Раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш ба зарбаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба бахши энергетикӣ муддати тӯлонӣ таҳаммул мекард, аммо дигар бас аст
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, муддати тӯлонӣ таҳаммул кардем, вақте ки украинҳо ба зерсохтори энергетикии кишварамон ҳамла мекарданд.
Вай др мулоқот бо сарвазири Словакия таъкид кард, ки Русия ба ин ҳамлаҳо посухи ҷиддӣ хоҳад дод.
"Муддати тӯлонӣ, мо умуман дар бораи ҳамла ба зерсохтори ғайринизомӣ чорае надидаем. Муддати тӯлонӣ, махсусан дар фасли зимистон, мо таҳаммул мекардем. Аммо нерӯҳои украинӣ ба иншооти энергетикии мо ҳамлаҳои пайваста анҷом медоданд. Мо акнун ба посух додан шурӯъ кардем. Мо вокуниш нишон медиҳем”, - гуфт Путин.
Владимир Путин илова кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ хоҳиши ҳамла ба ҳеҷ кишвареро надошт, надорад ва нахоҳад дошт.
Раҳбари Русия қайд кард, ки ҳар шахси солимфикр комилан дарк мекунад, ки Русия ҳеҷ гоҳ хоҳиши ҳамла ба ҳеҷ кишваре надошт.
Путин таъкид кард, ки бо кӯмаки НАТО кӯшиши азхуд кардани тамоми фазои пасошӯравӣ сурат гирифт.
"Бо кӯмаки НАТО кӯшиш карда мешавад, ки амалан тамоми фазои пасошӯравиро азхуд кунад, аммо мо маҷбур шудем, ки ба ин вокуниш нишон диҳем, тамоми мушкилот дар ҳамин аст", афзуд раисҷумҳури Русия.
Владимир Путин илова кард, ки узвияти Украина дар НАТО ғайриқобили қабул мебошад.
"Дар мавриди НАТО, ин масъалаи дигар аст. Дар ин ҷо сухан дар бораи таъмини амнияти Русия меравад ва на танҳо имрӯз, на дар миёнамуддат, балки дар давраи дарозмуддат. Мавқеъҳои мо дар ин ҷо маълум аст, мо инро барои худамон ғайри қобили қабул мешуморем". – таъкид кард президенти Русия.