https://sputnik.tj/20250901/zaminlarza-margbor-afghoniston-jon-bokhtand-1070733249.html
Вуқуъи заминларзаи маргбор дар шарқи Афғонистон: Беш аз 600 нафар ҷон бохтанд
Вуқуъи заминларзаи маргбор дар шарқи Афғонистон: Беш аз 600 нафар ҷон бохтанд
Sputnik Тоҷикистон
Шаби гузашта заминларзаи шадиде дар вилояти Кунар, Нуристон, Лағмон, ва Нангарҳор ба вуқуъ пайваст, ки талафот ва хисорот зиёде бар ҷой гузошт
2025-09-01T15:59+0500
2025-09-01T15:59+0500
2025-09-02T14:49+0500
афғонистон
зилзила
кушта
толибон
эрон
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070734820_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_bad4775737400cbecec44df7c74416ff.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҳукумати Толибон* эълом кардааст, ки омори қурбониёни заминларзаи шаби гузашта дар Кунар ба 610 тан расида ва 300 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд.Дар эъломияи вазорати умури дохилаи Толибон* омадааст, ки ҳамчунон дар Нангарҳор 13 тан кушта ва 250 тан захмӣ шудаанд ва ҳазорон манзили маскунӣ ба таври комил дар ҳар ду вилоят тахриб гардидаанд.Толибон* эълон карданд, ки ин омори қурбониён ва хисорот ниҳои набуда ва ҳамчунон амалиёти ҷустуҷӯ дар ин вилоёт идома дорад.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯии аршади ҳукумати Толибон* бо ибрози таъассуфи нисбат ба зилзилаи шаби гузашта дар бархе вилоёт Афғонистон гуфтааст, ки тимҳои кумаке аз марказу вилоёти наздик ба манотиқ зилзилазада эъзом шудаанд.Раисҷумҳури Эрон дар як паёме ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард ва барои имдодрасонӣ ба зилзилазадагон ибрози омодагӣ кард.Пизишкиён афзуд, ки миллату давлати Эрони зимни ибрози ҳамдардӣ дар канор шумо буда ва омодагии худро барои ҳаргунаи кумакҳои имдодӣ ва дармонӣ эълом дошта ва орзӯ дорад дар сояи ҳамбастагӣ ва ҳамдилии он миллати ҳамсоя, ҳарчӣ сариътар шоҳиди вазъияти одӣ дар манотиқи осеб дида бошад.Пештар Сайид Аббоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон низ дар паёме зимни ибрози таслият ва ҳамдилии самимона бо миллати Афғонистон омодагии комили Эронро барои ирсоли кумакҳои имдодӣ, дармонӣ ва инсонӣ эълом кард.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250725/zindagi-panohjuyon-afghon-sughd-video-1069409866.html
афғонистон
толибон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070734820_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6acb15d831ab64a78ec72ba2440dd42b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, заминларза, толибон, кунар, кушта, захмӣ, кунар, нуристон, лағмон, эрон
афғонистон, заминларза, толибон, кунар, кушта, захмӣ, кунар, нуристон, лағмон, эрон
Вуқуъи заминларзаи маргбор дар шарқи Афғонистон: Беш аз 600 нафар ҷон бохтанд
15:59 01.09.2025 (Навсозишуда: 14:49 02.09.2025) Шаби гузашта заминларзаи шадиде дар вилояти Кунар, Нуристон, Лағмон, ва Нангарҳор ба вуқуъ пайваст, ки талафот ва хисорот зиёде бар ҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҳукумати Толибон* эълом кардааст, ки омори қурбониёни заминларзаи шаби гузашта дар Кунар ба 610 тан расида ва 300 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд.
Дар эъломияи вазорати умури дохилаи Толибон* омадааст, ки ҳамчунон дар Нангарҳор 13 тан кушта ва 250 тан захмӣ шудаанд ва ҳазорон манзили маскунӣ ба таври комил дар ҳар ду вилоят тахриб гардидаанд.
Толибон* эълон карданд, ки ин омори қурбониён ва хисорот ниҳои набуда ва ҳамчунон амалиёти ҷустуҷӯ дар ин вилоёт идома дорад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯии аршади ҳукумати Толибон* бо ибрози таъассуфи нисбат ба зилзилаи шаби гузашта дар бархе вилоёт Афғонистон гуфтааст, ки тимҳои кумаке аз марказу вилоёти наздик ба манотиқ зилзилазада эъзом шудаанд.
Раисҷумҳури Эрон дар як паёме ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард ва барои имдодрасонӣ ба зилзилазадагон ибрози омодагӣ кард.
Пизишкиён афзуд, ки миллату давлати Эрони зимни ибрози ҳамдардӣ дар канор шумо буда ва омодагии худро барои ҳаргунаи кумакҳои имдодӣ ва дармонӣ эълом дошта ва орзӯ дорад дар сояи ҳамбастагӣ ва ҳамдилии он миллати ҳамсоя, ҳарчӣ сариътар шоҳиди вазъияти одӣ дар манотиқи осеб дида бошад.
Пештар Сайид Аббоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон низ дар паёме зимни ибрози таслият ва ҳамдилии самимона бо миллати Афғонистон омодагии комили Эронро барои ирсоли кумакҳои имдодӣ, дармонӣ ва инсонӣ эълом кард.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.