https://sputnik.tj/20250831/iiao-farmoish-onlayn-boj-laghv-1070667870.html
Кишварҳои ИИАО барои фармоишҳои онлайн аз хориҷа боҷро "лағв" мекунанд
Кишварҳои ИИАО барои фармоишҳои онлайн аз хориҷа боҷро "лағв" мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, ба молҳои арзизашон зиёда аз 200 евро, 5% андоз ситонида мешавад
2025-08-31T17:39+0500
2025-08-31T17:39+0500
2025-08-31T17:39+0500
ииао
иқтисод
боҷи гумрукӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/06/1061587858_0:40:3072:1768_1920x0_80_0_0_ccc89a74f77d2a60eed6514d1f13a69c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қасд доранд, ҳадди ниҳоии боҷ барои фармоишҳои онлайн аз хориҷаро муқаррар кунанд, хабар медиҳад рӯзномаи "Ведомости". Масъалаҳои тиҷорати электронии фаромарзӣ дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 12 сентябр баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд шуд. Тибқи лоиҳаи қарори дахлдор, ҳадди ақалли андоз барои шахсони воқеӣ зимни фармоишҳои онлайн, 200 евро хоҳад буд. Моле, ки аз ин маблағ гаронтар аст, бо меъёри 5% арзиши онҳо андозбандӣ мешавад, аммо на камтар аз 1 евро барои 1 кг.Ҳуҷҷатҳо бояд 10 рӯз пас аз интишори расмиашон эътибор пайдо кунанд, аммо на пештар аз тасдиқи тағйирот ба созишнома дар бораи Кодекси гумруки ИИАО.Қобили зикр аст, ки ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодӣ маълумоти пешнависи созишномаро моҳи декабри соли 2024 баррасӣ карда буд, аммо тибқи муқаррарот, қарори ниҳоиро шӯро дар сатҳи муовинони нахуствазири панҷ кишвар қабул мекунад. Дар айни замон, молҳои тиҷорати электронӣ, ки шахсони воқеӣ аз хориҷа тавассути бозорҳо фармоиш медиҳанд, дар баробари фиристодани почтаҳои байналмилалӣ байни шаҳрвандон боҷ гирифта мешаванд. Ҳадди ниҳоӣ барои онҳо низ 200 евро буда, аз колоҳои аз ин арзишаш аз ин бештар 15% боҷ ситонида мешавад. Ҳамин тариқ, дар асл, агар қоидаҳо эътибор пайдо кунанд, маблағи боҷ барои молҳои тиҷорати электронӣ камтар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250829/iiao-sifati-bozicha-nazorat-1070578558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/06/1061587858_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b0fa0fe0a11804adcf423436cff7bcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, ииао, боҷ, фармоиши онлайн
лағв, ииао, боҷ, фармоиши онлайн
Кишварҳои ИИАО барои фармоишҳои онлайн аз хориҷа боҷро "лағв" мекунанд
Тибқи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда, ба молҳои арзизашон зиёда аз 200 евро, 5% андоз ситонида мешавад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қасд доранд, ҳадди ниҳоии боҷ барои фармоишҳои онлайн аз хориҷаро муқаррар кунанд, хабар медиҳад рӯзномаи "Ведомости".
Масъалаҳои тиҷорати электронии фаромарзӣ дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 12 сентябр баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд шуд.
Тибқи лоиҳаи қарори дахлдор, ҳадди ақалли андоз барои шахсони воқеӣ зимни фармоишҳои онлайн, 200 евро хоҳад буд.
Моле, ки аз ин маблағ гаронтар аст, бо меъёри 5% арзиши онҳо андозбандӣ мешавад, аммо на камтар аз 1 евро барои 1 кг.
Ҳуҷҷатҳо бояд 10 рӯз пас аз интишори расмиашон эътибор пайдо кунанд, аммо на пештар аз тасдиқи тағйирот ба созишнома дар бораи Кодекси гумруки ИИАО.
Қобили зикр аст, ки ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодӣ маълумоти пешнависи созишномаро моҳи декабри соли 2024 баррасӣ карда буд, аммо тибқи муқаррарот, қарори ниҳоиро шӯро дар сатҳи муовинони нахуствазири панҷ кишвар қабул мекунад.
Дар айни замон, молҳои тиҷорати электронӣ, ки шахсони воқеӣ аз хориҷа тавассути бозорҳо фармоиш медиҳанд, дар баробари фиристодани почтаҳои байналмилалӣ байни шаҳрвандон боҷ гирифта мешаванд.
Ҳадди ниҳоӣ барои онҳо низ 200 евро буда, аз колоҳои аз ин арзишаш аз ин бештар 15% боҷ ситонида мешавад. Ҳамин тариқ, дар асл, агар қоидаҳо эътибор пайдо кунанд, маблағи боҷ барои молҳои тиҷорати электронӣ камтар хоҳад шуд.