Биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Душанбе бо ширкати президент боз шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонБиноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон
Биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2025
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар ин донишгоҳ дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Душанбе биноҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Дар маросими бозкушоии иншооти нави донишгоҳ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гузориш додааст.
© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2025
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин президенти кишвар дар ин донишгоҳ дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ кардааст.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2025
Баҳогузории 10-хола дар тамоми манотиқи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад
Ҳамасола президенти Тоҷикистон чун анъана рӯзи 1 сентябр дар макотиби кишвар ё донишгоҳҳо, Дарси сулҳ баргузор мекунад.
Дар ҷараёни Дарси сулҳ кишвардор аслан камбудиҳои соҳаи маорифро ошкор карда ва барои ислоҳи онҳо ба масъулин супоришҳо ва дастурҳои қатъӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки навгонии таълимоти имсола дар макотиби Тоҷикистон, гузаштан ба баҳогузории 10-хола мебошад.
Лентаи хабарҳо
0