https://sputnik.tj/20250829/khujand-zhurnalhoi-sinfi-elektroni-1070558485.html
Дар Хуҷанд журналҳои синфӣ электронӣ мешаванд
Дар Хуҷанд журналҳои синфӣ электронӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Суғд ҳукумати электорниро тавсеа медиҳад. Дар шаҳри Хуҷанд ҷойи корномаи таҳсили шогирди коғазӣ ба корномаҳои таҳсили электронӣ иваз мекунанд
2025-08-29T14:31+0500
2025-08-29T14:31+0500
2025-08-29T17:29+0500
дар тоҷикистон
маориф
электронӣ
суғд
хуҷанд
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/97/1026689759_0:241:4669:2867_1920x0_80_0_0_d2987a1d4b83b5bcf8444cfa5f0baa73.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг– Sputnik. Шурӯъ аз соли нави хониш, барои аввалин бор дар макотиби Хуҷанд журналҳои синф электронӣ мешаванд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон, Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Дилором Солеҳова иттилоъ дод.Бино ба гуфтаи манбаъ ин раванд бар асоси татбиқи “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2024-2028” роҳандозӣ мешавад.Коршиносони умури маориф мегуянд, рақамикунонии соҳа яке аз муҳимтарин равандҳоест, ки барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим нақши калидӣ мебозад. Ба таъкиди онҳо татбиқи технологияҳои рақамӣ, аз қабили платформаҳои таълимии онлайн, барномаҳои интерактивӣ ва китобхонаҳои электронии дастрас, имкон медиҳад, ки хонандагон ва омӯзгорон ба захираҳои таълимӣ ба таври самаранок ва босифат дастрасӣ пайдокунанд.Бар пояи иттилоъи Идораи маориф ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 52 мактаб мавҷуд буда дар онҳо беш аз 47 ҳазору 700 хонанда дар синфҳои 1 ва 11 таҳсил мекунанд.Қарор аст, дар солҳои баъдӣ дар дигар макотиби кишвар ҳам чунин раванди рақамикунонӣ роҳандозӣ шавад.
https://sputnik.tj/20250308/tojikiston-beshtari-zanon-bakhshi-maorif-kor-mekunand-1066495687.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/97/1026689759_263:0:4407:3108_1920x0_80_0_0_5c3f97c2101cd208b9ea2dbdb3f159ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, журнал, маориф, электронӣ, суғд
тоҷикистон, хуҷанд, журнал, маориф, электронӣ, суғд
Дар Хуҷанд журналҳои синфӣ электронӣ мешаванд
14:31 29.08.2025 (Навсозишуда: 17:29 29.08.2025) Суғд ҳукумати электорниро тавсеа медиҳад. Дар шаҳри Хуҷанд ҷойи корномаи таҳсили шогирди коғазӣ ба корномаҳои таҳсили электронӣ иваз мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 авг– Sputnik. Шурӯъ аз соли нави хониш, барои аввалин бор дар макотиби Хуҷанд журналҳои синф электронӣ мешаванд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон, Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Дилором Солеҳова иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ ин раванд бар асоси татбиқи “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2024-2028” роҳандозӣ мешавад.
“Гузаштан ба низоми нав он ҳам рақамӣ, кори омӯзгорон ва ҳам фаъолияти макотибро беҳтармеградонад. Барои мисол теъдоди хонандагон, иштироки онҳо ба дарсҳо, сатҳи хониш ва донишандӯзии онҳо, фаъолияти омӯзгорон ҳама дар журналҳои электронӣ сапт гардида, волидони толибилмон ба он дастрасӣ дошта метавонанд” – гуфт, Солеҳова.
Коршиносони умури маориф мегуянд, рақамикунонии соҳа яке аз муҳимтарин равандҳоест, ки барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таълим нақши калидӣ мебозад.
Ба таъкиди онҳо татбиқи технологияҳои рақамӣ, аз қабили платформаҳои таълимии онлайн, барномаҳои интерактивӣ ва китобхонаҳои электронии дастрас, имкон медиҳад, ки хонандагон ва омӯзгорон ба захираҳои таълимӣ ба таври самаранок ва босифат дастрасӣ пайдокунанд.
Бар пояи иттилоъи Идораи маориф ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 52 мактаб мавҷуд буда дар онҳо беш аз 47 ҳазору 700 хонанда дар синфҳои 1 ва 11 таҳсил мекунанд.
Қарор аст, дар солҳои баъдӣ дар дигар макотиби кишвар ҳам чунин раванди рақамикунонӣ роҳандозӣ шавад.