https://sputnik.tj/20250829/dushanbe-mashvarathoi-shsh-afghoniston-1070568467.html
Дар Душанбе машваратҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба вазъи Афғонистон сурат мегирад
Дар Душанбе машваратҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба вазъи Афғонистон сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири куллии СҲШ гуфт, ки дар бораи вазъи Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 11-12 сентябр машваратҳо баргузор мешавад
2025-08-29T15:51+0500
2025-08-29T15:51+0500
2025-08-29T15:51+0500
дар тоҷикистон
сҳш
афғонистон
ҳамкорӣ
машварат
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035638_277:573:2899:2048_1920x0_80_0_0_00ff8f40491bf08da77759031a1b57f5.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбоев дар мусоҳиба ба РИА “Новости” гуфт, ки машваратҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба вазъи Афғонистон рӯзҳои 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.Вай афзуд, ширкаткунандагон масоили таъмини амният, рушди устувор ва ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.Машваратҳо дар пасманзари фаъол шудани равобити кишварҳои минтақа ва Кобул сурат хоҳанд гирифт.“То ҷое ки мо медонем, тамоми кишварҳои узви СҲШ бо мақомоти Афғонистон дар заминаи дуҷониба ҳамкорӣ доранд. СҲШ ҳамчун як созмони байналмилалӣ вазъи ин кишварро бодиққат назорат ва меомӯзад”. – таъкид кард Нурлан Ермекбоев.Вай афзуд, ки вазъияти Афгонистон умуман муътадил аст, вазъи иктисодиёт беҳтар гардидааст.“Дар ҳамин, ҳол имрӯзҳо Афғонистон дар бахшҳои башардӯстона, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо терроризм, таъмини ҳуқуқи занон ва дигар табақаҳои осебпазир бо мушкилот рӯбарӯ аст”, - таъкид кард дабири кулии СҲШ.Нурлан Ермекбоев илова кард, ки дар мавриди Афғонистон миёни кишварҳои узви СҲШ як тавофуқ вуҷуд дорад.Вай афзуд, ки кишварҳои узв СҲШ омодагии худро барои пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳ баён намуда, таъкид карданд, ки ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои қишри ҷомеаи Афғонистон роҳи ягонаи расидан ба сулҳу субот аст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/43867
афғонистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035638_223:0:2954:2048_1920x0_80_0_0_564a27911692a4863bee23b32e3502f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, афғонистон, душанбе, вазъ, машваратҳо
тоҷикистон, сҳш, афғонистон, душанбе, вазъ, машваратҳо
Дар Душанбе машваратҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба вазъи Афғонистон сурат мегирад
Дабири куллии СҲШ гуфт, ки дар бораи вазъи Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 11-12 сентябр машваратҳо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбоев дар мусоҳиба ба РИА “Новости” гуфт, ки машваратҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба вазъи Афғонистон рӯзҳои 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
"Дар назар аст, ки доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат бигирад", - гуфт Ермекбоев.
Вай афзуд, ширкаткунандагон масоили таъмини амният, рушди устувор ва ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Машваратҳо дар пасманзари фаъол шудани равобити кишварҳои минтақа ва Кобул сурат хоҳанд гирифт.
“То ҷое ки мо медонем, тамоми кишварҳои узви СҲШ бо мақомоти Афғонистон дар заминаи дуҷониба ҳамкорӣ доранд. СҲШ ҳамчун як созмони байналмилалӣ вазъи ин кишварро бодиққат назорат ва меомӯзад”. – таъкид кард Нурлан Ермекбоев.
Вай афзуд, ки вазъияти Афгонистон умуман муътадил аст, вазъи иктисодиёт беҳтар гардидааст.
“Дар ҳамин, ҳол имрӯзҳо Афғонистон дар бахшҳои башардӯстона, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо терроризм, таъмини ҳуқуқи занон ва дигар табақаҳои осебпазир бо мушкилот рӯбарӯ аст”, - таъкид кард дабири кулии СҲШ.
Нурлан Ермекбоев илова кард, ки дар мавриди Афғонистон миёни кишварҳои узви СҲШ як тавофуқ вуҷуд дорад.
Вай афзуд, ки кишварҳои узв СҲШ омодагии худро барои пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳ баён намуда, таъкид карданд, ки ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои қишри ҷомеаи Афғонистон роҳи ягонаи расидан ба сулҳу субот аст.