МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд

© Foto / МегаФон ТаджикистанМегаФон Таджикистан разыграет миллион сомони
МегаФон Таджикистан разыграет миллион сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2025
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Смартфонҳо, ноутбукҳо, телевизор, соатҳои доно ва гаҷетҳои дигари арзишманд, инчунин туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ иштирокчиёни бозии бурднокро, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” чанде пеш эълон намуд, интизоранд.
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Имкони ба даст овардани яке аз туҳфаҳоро бо дастраскунии ID-коди махсус бо арзиши 3 сомонӣ пайдо метавон кард. Дар баробари ин, соҳиби ҳар як ID-код аз оператор 100 Мб трафики интернетро туҳфа мегирад. Ҳеҷ як нафар бе фоида намемонад!
Имконияти иштирокчии бозии бурдноки “МегаМиллион” шудан ба ҳамаи муштариёни ширкат, ки синнашон ба 18 расида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дастрас мебошад. Ҳила осон аст: хоҳишмандон метавонанд пайваста ID-кодҳоро ба даст оваранд – иштирокчиёнро танҳо ҳамин амал зарур меояд. Сипас танҳо лозим аст, ки натиҷаҳоро интизор шуда, ба муваффақияти хеш боварӣ ҳосил намоянд!
Дастраскунии ID-код бо яке аз воситаҳои зерин имконпазир аст:
• Бо анҷоми занг ба рақами кӯтоҳи “650”
• Бо рақамчинии USSD-дархости *650#
22 сентябр бурди туҳфаҳои марҳилавӣ баргузор мешавад. Дар он ҳамаи муштариёне, ки ID-рамзҳоро дастрас карда буданд, иштирок менамоянд. Дар рафти пахши онлайн тариқи аккаунтҳои расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибони телевизори Samsung, смартфони Xiaomi Redmi Note ва инчунин гӯшмонакҳои бесим, соатҳои доно ва аккумуляторҳои берунӣ муайян карда мешаванд.
Бурди туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ, смартфониiPhone 16 Pro, ноутбуки Apple MacBook ва дастгоҳи бозикунӣ санаи 22 октябр дар пахши мустақими яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон доир мешавад.
МегаФон Таджикистан: как стать счастливым сотрудником - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
"МегаФон Тоҷикистон": чӣ тавр корманди саодатманд шуда метавонем
Ҳар як маротиба дар интихоби туҳфаҳои арзишманд лототрон кӯмак менамояд: аз рақамҳои тасодуфӣ ID-кодҳои ғолибони бозии бурднок тартиб дода мешавад.
Барои зиёдкунии имкониятҳои худ барои пирӯзӣ иштирокчиён маротибаҳои бемаҳдуд ID-кодҳоро ба даст оварда метавонанд. Барои харидани бастаи пурра тахфифҳои махсус амал мекунанд. Ҳамин тавр, 10 ID-кодро бо нархи 10% арзонтар, яъне бо арзиши 27 сомонӣ, 50 ID-кодро бо нархи 127 сомонӣ, яъне бо тахфифи 15% дастрас метавон кард. Нархи 100 ID-код ба 240 сомонӣ баробар аст, ин нарх дар муқоиса ба пардохт дар алоҳидагӣ 20% муфидтар аст.
Имконияти ба даст овардани туҳфа дар шакли трафики интернет барои ID-рамзҳо ҳангоми “хариди яклухт” низ нигоҳ дошта мешавад. Барои 10 ID-код ба таври автоматӣ бастаи бонусии иборат аз 5 000 Мб, барои 50 ID-код – 10 000 Мб пайваст карда мешавад. Барои харидани 100 ID-код бошад, туҳфа дар шакли 20 000 Мб интернет пешниҳод мегардад.
Шартҳои пурраи бозии бурднок ва маълумоти муфассал оид ба воситаҳои дастраскунии ID-кодҳо бо миқдорҳои зиёд ё донабайъ – дар сомонаи оператор.
Бозии бурдноки “МегаМиллион” - имконияти нодири Шумо барои амалисозии орзуи худ бо ёрии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”! Ба мубориза барои миллион ҳамроҳ шавед!
Лентаи хабарҳо
0