Ҷабборов ба як тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифа дод

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Равшанбек Собиров, архивное фото
Равшанбек Собиров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2025
Обуна шудан
Бо фармони раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, раиси тоҷикони Қирғизистон Равшанбек Собиров ба мақоми роҳбарии як Агентии ин кишвар таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Равшанбек Собиров, раиси тоҷикони Қирғизистон роҳбари Агентии миллии сармоягузории ин кишвар шуд.
Фармони дахлдорро Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, имзо кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои қирғизӣ.
Мавсуф дар гузашта вазифаи вазири меҳнат, вакили парлумон, мушовири президенти Қирғизистон буд.
Бо ба қудрат расидани Содир Ҷабборов вай нахуст муовини сарвазир ва сипас мушовири раисҷумҳур шуд, аммо соли 2021 замони даргириҳои марзӣ ӯ истеъфо дод.
Бо гарм шудани равобити Душанбе бо Бишкек ӯро дигарбора ба ҳукумат баргардониданд.
Омадурафт миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳаст, мушкиле нест - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2025
Омадурафт миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳаст, мушкиле нест.
Маврид ба зикр аст, ки Равшанбек Собиров 55-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст.
Вай ҳудуди 18 соли охир раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи "Рӯдакӣ"-ро ро ба зима дорад.
Ӯ дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон (2011-2012) ва вакили парлумон низ буд.
Лентаи хабарҳо
0