https://sputnik.tj/20250825/tojikiston-chin-borai-rohho-dusatha-dushanbe-1070351541.html
Тоҷикистону Чин бораи бунёди роҳҳои дусатҳа дар Душанбе мувофиқа карданд
Тоҷикистону Чин бораи бунёди роҳҳои дусатҳа дар Душанбе мувофиқа карданд
Sputnik Тоҷикистон
Корҳои сохтмонӣ пас аз мувофиқаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои мазкур бо ҷониби Чин оғоз хоҳад шуд
2025-08-25T09:30+0500
2025-08-25T09:30+0500
2025-08-25T12:53+0500
нақлиёт
душанбе
чин
мувофиқа
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031550094_0:1:3640:2048_1920x0_80_0_0_19455bf4c295f6f77f71aea7bf7c60ca.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Чин сатҳҳои дуқабата ва пули болои дарёи Душанберо месозад.Ин масъаларо вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат. Дар ҷараёни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ табодули афкор намудаанд.Ҷонибҳо ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар бунёди роҳҳои дусатҳа: Манбаъ афзуда, ки таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои мазкур ба анҷом расонида шудааст ва раванди мувофиқанамоии он бо ҷониби Чин идома дорад. Баъд аз мувофиқа намудан, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва интихоби пудратчӣ корҳои асосии сохтмонӣ оғоз мегарданд. Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.Тарҳи "Як камарбанд, як роҳ"Ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" соли 2013 аз ҷониби раҳбари Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо онро дастгирӣ намудд. Маҳаки фалсафии лоиҳа дар шароити буҳронии муосир зери як камарбанд ба ҳам омадан ва дар як роҳ равона шудан ба сӯи рушду созандагӣ мебошад. Ин роҳ ба ташаккули долонҳо энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст. Ташаббус се шакли роҳ — мошингард, роҳи оҳан ва роҳи баҳриро дар бар мегирад, ки онҳо боз ба се шоха — шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ ҷудо мешаванд. То имрӯз 130 созишномаи гуногун миёни беш аз 100 давлати ҷаҳон, ки ба масири "Як камарбанд, як роҳ" пайвастаанд, ба имзо расидаанд. Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи ин ташаббус лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон" мебошад.Дар доираи он, бунёди 93 км роҳ, 2 адад нақб бо дарозии умумии 5,2 км, 5 адад долони зидитармавӣ бо дарозии умумии 602 метр, 15 адад пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои ҳимоявӣ, 151 адад иншоотҳои сунъӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
душанбе
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0a/1031550094_374:0:3105:2048_1920x0_80_0_0_8b342ac2d028b6ba8a9d5c7e16d20c6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, душанбе, пул
Тоҷикистону Чин бораи бунёди роҳҳои дусатҳа дар Душанбе мувофиқа карданд
09:30 25.08.2025 (Навсозишуда: 12:53 25.08.2025) Корҳои сохтмонӣ пас аз мувофиқаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои мазкур бо ҷониби Чин оғоз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Чин сатҳҳои дуқабата ва пули болои дарёи Душанберо месозад.
Ин масъаларо вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорат.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ табодули афкор намудаанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар бунёди роҳҳои дусатҳа:
дар буриши кӯчаҳои "Абай – А. Қаҳҳоров",
буриши кӯчаҳои "А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров",
буриши кӯчаҳои "Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров",
сохтмони пул аз болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои "Ҷанубӣ – А.Қаҳҳоров" ба мувофиқа расиданд.
Манбаъ афзуда, ки таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои мазкур ба анҷом расонида шудааст ва раванди мувофиқанамоии он бо ҷониби Чин идома дорад.
Баъд аз мувофиқа намудан, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва интихоби пудратчӣ корҳои асосии сохтмонӣ оғоз мегарданд.
Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои пешбурди долонҳои байналмилалии нақлиётии:
"Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо",
"Чин-Тоҷикистон-Афғонистон", тавассути ин кишварҳо дастрасӣ ба бандарҳои обии байналмилалии "Чобаҳор"-и Эрон ва "Карочӣ-и Покистон,
инчунин "Як камарбанд, як роҳ" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.
Тарҳи "Як камарбанд, як роҳ"
Ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" соли 2013 аз ҷониби раҳбари Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо онро дастгирӣ намудд.
Маҳаки фалсафии лоиҳа дар шароити буҳронии муосир зери як камарбанд ба ҳам омадан ва дар як роҳ равона шудан ба сӯи рушду созандагӣ мебошад.
Ин роҳ ба ташаккули долонҳо энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст.
Ташаббус се шакли роҳ — мошингард, роҳи оҳан ва роҳи баҳриро дар бар мегирад, ки онҳо боз ба се шоха — шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ ҷудо мешаванд.
То имрӯз 130 созишномаи гуногун миёни беш аз 100 давлати ҷаҳон, ки ба масири "Як камарбанд, як роҳ" пайвастаанд, ба имзо расидаанд.
Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи ин ташаббус лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон" мебошад.
Дар доираи он, бунёди 93 км роҳ, 2 адад нақб бо дарозии умумии 5,2 км, 5 адад долони зидитармавӣ бо дарозии умумии 602 метр, 15 адад пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои ҳимоявӣ, 151 адад иншоотҳои сунъӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.