ИИАО ва Ҳиндустон ҳамкориҳои соҳавиро тақвият медиҳанд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкДворец Тадж-Махал в городе Агра. Иллюстративное фото
Дворец Тадж-Махал в городе Агра. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2025
Обуна шудан
Мақомоти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мегӯяд бо имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод ҳамкорӣ бо Ҳиндустон боз ҳам тақвият хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Андрей Слепнев бо котиби иловагии департаменти тиҷорати назди Вазорати савдои ва саноати Ҳиндустон гуфтугӯ кард.
Сардорони гурӯҳҳои гуфтушунид ба вазири КИАО дар бораи тасдиқи супориши техникии гуфтушунид, маълумот доданд.
Ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаи оғози раванди гуфтушунид ва дигар ҷанбаҳои созишнома дар бораи тиҷорати озодро, ки дар оянда бояд ба имзо расад, баррасӣ карданд.
"Мо бо камоли хушнудӣ афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти мол миёни ИИАО ва Ҳиндустонро қайд мекунем, ки тайи чанд соли охир мушоҳида дорем. Мо афзоиши минбаъдаи ҳаҷми тиҷорат, инчунин таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла тавассути долони иқтисодии Шимолу Ҷанубро интизорем", — гуфт Андрей Слепнев.
Рабочий визит Алексея Оверчука в Республику Армения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2025
Пашинян ва Оверчук ҳамкориҳоро дар чорчӯби ИИАО баррасӣ карданд
Тибқи маълумоти Маркази байналмилалии савдо (оҷонсии муштараки Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Созмони Милали Муттаҳид), гардиши мол байни кишварҳои ИИАО ва Ҳиндустон дар соли 2024 69 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 7% афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0