ИИАО ва Ҳиндустон созишномаи тиҷорати озодро омода мекунанд

© AP / Manish SwarupМонумент Ворота Индии в Нью-Дели.
Монумент Ворота Индии в Нью-Дели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2025
Обуна шудан
Русия содда кардани дастрасӣ ба бозорҳо байни ИИАО ва Ҳиндустонро муҳим мешуморад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Русия ва Ҳиндустон ният доранд, ки корҳоро дар таҳияи созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ҷумҳурӣ идома диҳанд.
Дар ин бора муовини аввали нахуствазири Русия Денис Мантуров, дар ҷаласаи 26-уми комиссияи байниҳукуматии Русияву Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ хабар дод.
Чорабинӣ таҳти раёсати Мантуров ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманям Чайшанкар барпо гардид.

"Бо мақсади рушди тиҷорат, инчунин содда кардани дастрасии мутақобилан ба бозорҳо, мо ният дорем корҳоро оид ба омода кардани созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустон идома диҳем", - гуфт Мантуров.

Вай ёдовар шуд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва Ҳиндустон тақрибан 7 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳиндустон яке аз шарики калонтарини савдои берунии Русия мебошад.
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Слепнев: Ҳиндустон яке аз минтақаҳои муҳими ИИАО мебошад
Мантуров ҳамчунин, аҳамияти корҳои минбаъдаро оид ба омода намудани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Ҳиндустон, инчунин оид ба таъмини ҳисоббаробаркуниҳои мутаносиби байни ду кишвар таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0