Даргузашти куҳансарбози ҶБВ дар синни 113 -солагӣ дар Ҳисор, ки то Берлин рафта буд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония
Траурная церемония  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2025
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба аҳли хонавода ва наздикни хонаводаи Карим Рашид изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат, Карим Рашид дар синни 113-солагӣ, рӯзи 24 августи соли 2025 баъди беморӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора, дафтари матбуотии мақомоти шаҳри Ҳисор гузориш додааст.
Намояндагони мақомоти Ҳисор, Шӯрои шаҳрии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат дар шаҳри Ҳисор, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр нисбати даргузашти куҳансарбоз ба фарзандон, пайвандону дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тассалият кардаанд.

Зиндагиномаи қаҳрамононаи Карим Рашид

Карим Рашид соли 1912 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Солҳои 1935-1942 дар деҳаҳои Дарозӣ ва Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба ҳайси муаллим кор кардааст.
© SputnikКарим Рашид, ветеран Великой Отечественной войны
Карим Рашид, ветеран Великой Отечественной войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2025
Карим Рашид, ветеран Великой Отечественной войны
Соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаи шаддиди Сталинград (ҳоло Волгоград) иштирок кардааст ва дар ҳайати полки 204-уми артиллерии фронти якуми Украина ҷангида, то ба Прага ва Берлин рафтааст.
Соли 1945, баъди ғалаба ба ватан баргашта, дар деҳаи Суғдиён (собиқ Чағатай) боз ба касби пештараи худ - омӯзгорӣ машғул мешавад.
Соли 1946 раиси колхози ба номи Фрунзе, ки деҳеҳои Суғдиён ва Шоҳамбариро дар бар мегирифт, интихоб мешавад.
Соли 1950 колхозҳо муттаҳид шуданд ва Карим Рашид боз раиси колхоз таъин мешавад.
Соли 1956 колхоз номи "Роҳи Ленин"-ро гирифт, ки Карим Рашид то соли 1972 раисии онро ба зимма дошт.
Аз ҳавзаи интихоботии Алмосӣ, №43 вакили ШО ҶШСТ интихоб шудааст.
Карим Рашид бо ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0