Мақомот гуфт, тоҷикистониён дар Рӯзи истиқлол чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТоржества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони ҷумҳурӣ бояд моҳи аввали тирамоҳро бо ҳафтаи шашрӯзаи корӣ оғоз кунанд, хабар медиҳад Федератсияи иттифоқҳои касаба
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи истиқлол дар моҳи сентябр сокинони Тоҷикистон таътили дарозтар хоҳанд дошт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар Исмоил Файзизода хабар дод.
Ҳамин тариқ, соли 2025 солгарди истиқлол, 9 сентябр ба рӯзи сешанбе рост меояд. Ба ин муносибат тасмим гирифта шуд, ки рӯзи душанбеи 8-ум низ рӯзи истироҳат эълон шавад.
"Тибқи қарори ҳукумат дар бораи тартиби гузаронидани рӯзи истироҳат, агар рӯзи корӣ дар байни рӯзи ид ва истироҳатӣ рост ояд, пас он рӯзи истироҳат хоҳад буд", - гуфт Файзизода.
Дар ҳамин ҳол, тоҷикистониён бояд моҳи аввали тирамоҳро бо ҳафтаи шашрӯза оғоз кунанд, гуфт манбаъ.
Участницы празднования Навруза в Гиссарской крепости в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2025
“Наврӯзу Садаву Меҳргону Тиргон” – ҷашнҳои миллӣ оё зидди ислом аст?
Дар кишвар расман рузҳои корӣ аз 1 то 6 сентябр давом мекунад. Маҳз гузаштани рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбе ба душанбе имкон медиҳад, ки сокинони кишвар се рӯз паиҳам истироҳат намоянд ва 34-умин солгарди истиқлолро таҷлил кунанд.
Ҳамасола 9 сентябр сокинони Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии миллии кишвар - Рӯзи истиқлолро бошукуҳ таҷлил мекунанд.
Дар ин рӯз аз рӯи анъана раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо ва навоҳӣ бо паёмҳои идона суханронӣ мекунанд. Онҳо дар паёмҳои худ аз муваффакиятҳое, ки кишвар дар солҳои истиқлолият ба даст овардааст, нақл мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0