Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13,5 млрд сомонӣ қарз дода шуд: Тафсилот

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2025
Обуна шудан
Бонки миллӣ ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд хабар дод – дар нимсолаи аввал ин рақам 29,0% афзуд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2025 13,7 млрд сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора, дафтари матбуоти Бонки миллии кишвар хабар додааст.
Тавре танзимгари молиявӣ қайд кардааст, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3,1 млрд сомонӣ (ё 28,9%) зиёд мебошад.
Дар баробари ин маълум аст, ки кисми зиёди ҳаҷми қарз ба соҳаи истеъмолӣ — 49,8% рост меояд.
Баъдан савдои хориҷӣ - 15,1%, дар шаш моҳ дар соҳаи кишоварзӣ камтар қарз гирифта шудааст - 12,6%.
Ғайр аз ин 9,3%-и ҳаҷми умумӣ ба саноат рост меояд. Феҳристро бахши хизматрасонӣ ва сохтмон мутаносибан 6,4 ва 3,6% ҷамъбаст мекунанд.
© SputnikҲаҷми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2025
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда то 10,2 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бино ба хабари матбуоти БМТ, афзоиш нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 29,0%-ро ташкил дод.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои бори сеюм меъёри бозтамвилро поин бурд. Ҳамин тариқ, нишондиҳанда 0,5 банди фоизӣ - аз 8,25% ба 7,75% дар як сол тағйир ёфт.
Ҳамзамон, дар аввали моҳи феврали соли 2025 қурб аз 0,25% - аз 9% ба 8,75% тағйир дода шуд, дар моҳи май пастшавӣ боз 0,5 банди фоизӣ - аз 8,75% то 8,25% ба амал омад.
Лентаи хабарҳо
0