https://sputnik.tj/20250823/farrukh-hasanov-intervidenie-musohiba-1070316549.html
Фаррух Ҳасанов гуфт, чӣ гуна тамошобинонро дар "Интервидение" ба ҳайрат меорад
Фаррух Ҳасанов гуфт, чӣ гуна тамошобинонро дар "Интервидение" ба ҳайрат меорад
Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи ҷавон Фаррух Ҳасанов Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" муаррифӣ мекунад
2025-08-23T14:01+0500
2025-08-23T14:01+0500
2025-08-23T14:01+0500
дар тоҷикистон
русия
фарҳанг
интервидение
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070290072_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ad5444f6a1be155ebc478c89a64f959c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Барои ҳунарнамоии намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Дар ин бора Фаррух Ҳасанов, овозхоне, ки дар озмун интихоб шудааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт. Ҳасанов қайд кард, ки намехоҳад баъзе ҷонибҳои нақшаи ҳунарнамоиро пешакӣ ифшо кунад."Фақат мегӯям, рафиқон, меарзад, хуб мебуд, ки мунтазир бошеду бубинед", — гуфт ӯ. Вале ба ин нигоҳ накарда, сароянда пардаи махфиятро бардошт - суруде, ки ӯ дар "Интервидение" пешкаш хоҳад кард, таърихи беназир дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин суруд дар гармои 40-дараҷаии Душанбе бо як дӯсташ навишта шуда буд, ин трек "Битоб, битоб, мисли даврони пеш" ном дорад.Композитсия бояд пештар нашр мешуд, аммо бо амри тақдир рӯнамоии суруд ҳар гоҳ ба таъхир меафтод.Охири моҳи июл маълум шуд, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекунад.Тибқи маълумоти мавҷуда, тақрибан 20 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар озмуни мусиқии "Интервидение - 2025" тасдиқ кардаанд. Ин чорабинӣ рӯзи 20 сентябр дар Live Arena Маскав баргузор мешавад. Ҳар як кишвар метавонад як сароянда ё гурӯҳи овозхониро ба озмун пешбарӣ намояд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42036
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070290072_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_51788e6caea5657754b9aa8666a0d216.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳасанов, тамошобин, "интервидение"
ҳасанов, тамошобин, "интервидение"
Фаррух Ҳасанов гуфт, чӣ гуна тамошобинонро дар "Интервидение" ба ҳайрат меорад
Эксклюзив
Сарояндаи ҷавон Фаррух Ҳасанов Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Барои ҳунарнамоии намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" корҳои зиёде анҷом дода мешавад.
Дар ин бора Фаррух Ҳасанов, овозхоне, ки дар озмун интихоб шудааст, дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Ин ҷо кори бузург ва густарда аст, як гурӯҳи том дар болои ин лоиҳа, барои суруди мо барои "Интервидение" кор мекунад", - нақл кард ҳунарманд.
Ҳасанов қайд кард, ки намехоҳад баъзе ҷонибҳои нақшаи ҳунарнамоиро пешакӣ ифшо кунад.
"Фақат мегӯям, рафиқон, меарзад, хуб мебуд, ки мунтазир бошеду бубинед", — гуфт ӯ.
Вале ба ин нигоҳ накарда, сароянда пардаи махфиятро бардошт - суруде, ки ӯ дар "Интервидение" пешкаш хоҳад кард, таърихи беназир дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин суруд дар гармои 40-дараҷаии Душанбе бо як дӯсташ навишта шуда буд, ин трек "Битоб, битоб, мисли даврони пеш" ном дорад.
Композитсия бояд пештар нашр мешуд, аммо бо амри тақдир рӯнамоии суруд ҳар гоҳ ба таъхир меафтод.
"Ва маълум мешавад, ки ин тақдир будааст. Мо тасмим гирифтем, ки ин тарона сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст. Ва чунин шуд, ки мо онро интихоб кардем", - нақл кард Ҳасанов.
Охири моҳи июл маълум шуд, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекунад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, тақрибан 20 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар озмуни мусиқии "Интервидение - 2025" тасдиқ кардаанд.
Ин чорабинӣ рӯзи 20 сентябр дар Live Arena Маскав баргузор мешавад. Ҳар як кишвар метавонад як сароянда ё гурӯҳи овозхониро ба озмун пешбарӣ намояд.