https://sputnik.tj/20250822/tojikiston-markaz-kasbomuzi-omuzish-zabon-arabi-1070273850.html
Қатар дар Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони арабӣ ташкил мекунад
Қатар дар Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони арабӣ ташкил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи кории Вазорати маорифи Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ боздид хоҳад кард
2025-08-22T10:36+0500
2025-08-22T10:36+0500
2025-08-22T10:36+0500
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
забономӯзӣ
омӯзгори забони англисӣ
арабӣ
қатар
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070283658_82:78:1259:740_1920x0_80_0_0_54db23665327088df9b2bb08195d2773.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давлати Қатар дар якчанд манотиқи Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ таъсис медиҳад.Ин масъала, зимни мулоқоти вазири меҳнати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ёвари директори котиботи вазири маорифи Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ баррасӣ шудааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати меҳнати ҶТ хабар додааст.Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дархости ҷониби Қатар оид ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст.Дар ин росто, Ҳукумат ҷиҳати муайян ва ҷудо намудани қитъаи замин ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои дахлдор супориш додааст.Бино ба иттилои манбаъ, ин тарҳ барои татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба танзими муҳоҷират мусоидат менамояд.Дар доираи сафари мазкур боздиди ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ ва баррасии ҷузъиёти ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар аст.Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар” аз 3 феврали соли 2019 мебошад. Дар доираи татбиқи он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Қатар 8 июни соли 2023 имзо шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41861
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070283658_166:0:1167:751_1920x0_80_0_0_1400f7d39688cac362bb686b54a9feb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омӯзиш, забони арабӣ, душанбе
омӯзиш, забони арабӣ, душанбе
Қатар дар Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони арабӣ ташкил мекунад
Гурӯҳи кории Вазорати маорифи Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ боздид хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давлати Қатар дар якчанд манотиқи Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ таъсис медиҳад.
Ин масъала, зимни мулоқоти вазири меҳнати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ёвари директори котиботи вазири маорифи Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ баррасӣ шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати меҳнати ҶТ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дархости ҷониби Қатар оид ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст.
Дар ин росто, Ҳукумат ҷиҳати муайян ва ҷудо намудани қитъаи замин ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои дахлдор супориш додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тарҳ барои татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба танзими муҳоҷират мусоидат менамояд.
Дар доираи сафари мазкур боздиди ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ ва баррасии ҷузъиёти ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар аст.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар” аз 3 феврали соли 2019 мебошад.
Дар доираи татбиқи он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Қатар 8 июни соли 2023 имзо шудааст.