Миёни Душанбе ва ду шаҳри Чин парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад

© Unsplash / Etienne JongСамолёт. Иллюстративное фото
Самолёт. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2025
Обуна шудан
Зиёд шудани хатсайрҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ натиҷаи амалисозии сиёсати "Фазои кушод" мебошад
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистонро бо ду шаҳри Чин парвозҳои мустақим хоҳад пайваст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин масъала миёни роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло ва сафири навтаъини Чин дар кишвар Го Ҷитзюн баррасӣ шудааст.
"Дар вохӯрӣ ҷонибҳо кушодани парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанджоу инчунин, мукаммал намудани парвозҳоро дар самтҳои Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар ин дидор, масъалаи тақвияти ҳамкориҳоро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ,
Ҳамзамон, дар раванди вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки ҷиҳати такмил додани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, баргузории курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ табодули таҷрибаро боз ҳам васеътар гардонанд.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2025
Нархи чиптаҳо дар Тоҷикистон арзон мешавад
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон авохири моҳи июн аз лағви комили паритет ва баробарии ҳатмӣ дар кор байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ хабар дод.
Сиёсати "Осмони боз" дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷорӣ шуда, маҳдудиятҳо дар басомади парвозҳо, шумораи ҷойҳо ва нархи чиптаҳоро лағв мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои 18 самт то се сол боқӣ мондаанд - пас аз он онҳо низ аз рӯи қоидаҳои нав фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан коршиносони байнулмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки усули паритет яке аз сабабҳои аслии набуди рақобат ва дар натиҷа гаронии нархи парвозҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеаи аслии рушди гардишгарӣ дар кишвар будааст.
Лентаи хабарҳо
0