https://sputnik.tj/20250821/dushanbe-donishkada-islomi-1070259427.html
Аз фонди президенту бо кумаки соҳибкорон: дар Душанбе бинои Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд
Аз фонди президенту бо кумаки соҳибкорон: дар Душанбе бинои Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ истифода хоҳад шуд
2025-08-21T11:48+0500
2025-08-21T11:48+0500
2025-08-21T12:43+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
душанбе
маркази исломӣ
донишгоҳ
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/15/1070258602_0:15:1024:591_1920x0_80_0_0_0dc4b6c09650a9164d52aeb0760b06b5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро ифтитоҳ карданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки донишкада бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии президент ва дастгирии соҳибкорон мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии мардуми тоҷик бунёд ёфта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.Зимни боздид Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастур додааст.Кишвардор зимни кушодашавии донишкада зикр намудааст, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.Осорхонаи донишкадаДар дохили донишкада осорхонаи дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангӣ ташкил шудааст.Иттилоъ дода мешавад, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.Бахши дигари осорхона ба нақши Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудаааст.Донишкада аз чӣ иборат аст?Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/15/1070258602_108:0:916:606_1920x0_80_0_0_038286f3d2057e547bcef1b62d1287b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, донишкадаи исломӣ, ифтитоҳ
душанбе, донишкадаи исломӣ, ифтитоҳ
Аз фонди президенту бо кумаки соҳибкорон: дар Душанбе бинои Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд
11:48 21.08.2025 (Навсозишуда: 12:43 21.08.2025) Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро ифтитоҳ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки донишкада бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии президент ва дастгирии соҳибкорон мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии мардуми тоҷик бунёд ёфта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастур додааст.
Кишвардор зимни кушодашавии донишкада зикр намудааст, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.
Дар дохили донишкада осорхонаи дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангӣ ташкил шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Бахши дигари осорхона ба нақши Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудаааст.
Донишкада аз чӣ иборат аст?
Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар он маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.
Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.
Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.