https://sputnik.tj/20250821/aholi-tojikiston-marz-106-mln-nafar-1070263180.html
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,6 млн нафарро убур кард
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,6 млн нафарро убур кард
Sputnik Тоҷикистон
Давоми шаш моҳи аввали моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзоиш ёфтааст
2025-08-21T15:16+0500
2025-08-21T15:16+0500
2025-08-21T17:44+0500
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
аҳолӣ
теъдоди тоҷикон афзудааст
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/66/1021916624_0:21:2048:1173_1920x0_80_0_0_0781190409b6f8b141d86d73b60be6b3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.Дар ин бора Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор хабар медиҳад. Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 2% зиёд шуда, 98,9 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 18,8 нафар рост омадааст. Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муҳлати муқарранамудаи қонун 116,2 ҳазор кӯдакони навзод ва 17,2 ҳазор шахсони фавтида, аз ҷумла 0,8 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд. Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 22,1 ва 3,3 нафар рост омадааст. Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,1 фоиз зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20250806/tojikiston-afzoish-tedod-aholi-1069777214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/66/1021916624_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_4a9fa4278474a9622f7115352bcbc8b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аҳолӣ,
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,6 млн нафарро убур кард
15:16 21.08.2025 (Навсозишуда: 17:44 21.08.2025) Давоми шаш моҳи аввали моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар ин бора Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор хабар медиҳад.
Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 2% зиёд шуда, 98,9 ҳазор нафар ё ба 1000 нафар аҳолӣ 18,8 нафар рост омадааст.
Ҳамзамон зикр мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муҳлати муқарранамудаи қонун 116,2 ҳазор кӯдакони навзод ва 17,2 ҳазор шахсони фавтида, аз ҷумла 0,8 ҳазор кӯдакони синни то 1 сола фавтидаро ба қайд гирифтаанд.
Коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 22,1 ва 3,3 нафар рост омадааст.
Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,1 фоиз зиёд шудааст.