https://sputnik.tj/20250820/bozdosht-qochoqbaron-uzbekiston-1070233909.html
Боздошти қочоқбарони маводи мухаддир дар Узбекистон
Боздошти қочоқбарони маводи мухаддир дар Узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон навори боздошти қочоқбарони маводи мухаддирро, ки мехостанд 80 кг маводи мамнӯъро аз Тоҷикистон интиқол диҳанд, намоиш доданд
2025-08-20T17:37+0500
2025-08-20T17:37+0500
2025-08-20T17:37+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
қочоқи маводи мухаддир
мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070230728_2:0:1268:712_1920x0_80_0_0_bf8fcec00c4709d1162dd2f9359e5fe0.png
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Узбекистон аз кӯшиши интиқоли ҳудуди 80 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон, пешгирӣ шудааст.Амалиёти боздошти ҷинояткорон аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар якҷоягӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти амниятии ҶУ. Амалиёти оперативӣ дар вилоятҳои Сурхондарё, Тошканд ва Фарғона сурат гирифтаанд.Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ду сокини маҳаллӣ, ки 18 ва 19-сола буданд, боздошт шуданд. Аз онҳо беш аз 20 кило афюн ва қариб 42 кило ҳашиш дарёфт шудааст, ки ба таври пинҳонӣ аз Тоҷикистон интиқол дода будаанд. Ҳамчунин, ду нафари дигар, аз ҷумла фармоишгари эҳтимолӣ боздошт шудаанд.Як сокини Фарғонаро, ки аз Қазоқистон ворид шуда буд, дар вилояти Тошканд боздошт кардаанд. Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи ӯ кормандони Кумитаи амнияти миллӣ қариб 8 кило маводи мухаддири синтетикии мефедрон дарёфт кардаанд. Тибқи тафтишот, маводи мухаддир аз Маскав оварда шуда, барои муштариёни Узбекистон пешбинӣ шудааст.500 нафар истирдод шуд: Раҳимзода дар бораи амалиёти махсуси ВКД Русия ва Тоҷикистон гуфтБоздоштҳо дар вилояти Фарғона низ сурат гирифтаанд. Дар Қӯқанд як зани 60-сола ва писараш, ки қаблан барои қочоқи маводи мухаддир суд шуда буданд, боздошт гардиданд. Гуфта мешавад, ки аз онҳо ҳудуди 9 кг афюн ва ҳашиш мусодира гардидааст. Дар маҷмӯъ дар натиҷаи ин амалиёт беш аз 79 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/14/1070230728_5:0:954:712_1920x0_80_0_0_204660b30adcd43a24e42ef445b4313f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, қочоқбарони маводи мухаддир, узбекистон
боздошт, қочоқбарони маводи мухаддир, узбекистон
Боздошти қочоқбарони маводи мухаддир дар Узбекистон
Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон навори боздошти қочоқбарони маводи мухаддирро, ки мехостанд 80 кг маводи мамнӯъро ба Узбекистон интиқол диҳанд, намоиш доданд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Узбекистон аз кӯшиши интиқоли ҳудуди 80 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон, пешгирӣ шудааст.
Амалиёти боздошти ҷинояткорон аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар якҷоягӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти амниятии ҶУ.
Амалиёти оперативӣ дар вилоятҳои Сурхондарё, Тошканд ва Фарғона сурат гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ду сокини маҳаллӣ, ки 18 ва 19-сола буданд, боздошт шуданд.
Аз онҳо беш аз 20 кило афюн ва қариб 42 кило ҳашиш дарёфт шудааст, ки ба таври пинҳонӣ аз Тоҷикистон интиқол дода будаанд.
Ҳамчунин, ду нафари дигар, аз ҷумла фармоишгари эҳтимолӣ боздошт шудаанд.
Як сокини Фарғонаро, ки аз Қазоқистон ворид шуда буд, дар вилояти Тошканд боздошт кардаанд.
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи ӯ кормандони Кумитаи амнияти миллӣ қариб 8 кило маводи мухаддири синтетикии мефедрон дарёфт кардаанд.
Тибқи тафтишот, маводи мухаддир аз Маскав оварда шуда, барои муштариёни Узбекистон пешбинӣ шудааст.
Боздоштҳо дар вилояти Фарғона низ сурат гирифтаанд. Дар Қӯқанд як зани 60-сола ва писараш, ки қаблан барои қочоқи маводи мухаддир суд шуда буданд, боздошт гардиданд.
Гуфта мешавад, ки аз онҳо ҳудуди 9 кг афюн ва ҳашиш мусодира гардидааст. Дар маҷмӯъ дар натиҷаи ин амалиёт беш аз 79 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.