Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ва президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Кохи Кремл гуфт, ҷонибҳо ба ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори сулҳи дарозмуддат дар ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Трамп баъд аз музокирот бо Зеленский ва роҳбарони Аврупо ба Путин занг зад

© AP / Alex BrandonПрезидент Дональд Трамп и президент Франции Эммануэль Макрон во время встречи с Владимиром Зеленским и европейскими лидерами в Восточной комнате Белого дома в понедельник, 18 августа 2025 года, в Вашингтоне
Президент Дональд Трамп и президент Франции Эммануэль Макрон во время встречи с Владимиром Зеленским и европейскими лидерами в Восточной комнате Белого дома в понедельник, 18 августа 2025 года, в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар суҳбат телефонӣ бо ҳамтои амрикоиаш барои меҳмоннавозӣ ва ташкили хуби мулоқот дар Аляска ташаккур гуфт
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои русаш Владимир Путин занг зада, ба ӯ дар бораи натоиҷи музокирот дар Вашингтон хабар дод, гуфт ёвари президенти Русия Юрий Ушаков.
Оқои Ушаков қайд кард, ки сухбат бо ташаббуси тарафи Амрико сурат гирифт ва 40 дақиқа давом кард.
“Суҳбат бисёр самимона ва судманд гузашт. Президентҳо ҷонибдори идомаи робитаҳои мустақими ҳайатҳои Русия ва Украина шуданд”, - қайд кард ёвари раисҷумҳури Русия.
Вай илова кард, ки роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки имкони боло бурдани сатҳи намояндагони Маскав ва Киевро дар музокирот баррасӣ кунанд.
"Владимир Путин ва Доналд Трамп ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи Украина ва дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва робитаҳои дуҷониба тамосро идома диҳанд", - гуфт Ушаков.
Путин аҳамияти талошҳои шахсан Трамп барои ҳалли мусолиматомез дар Украинаро қайд кард.
Вай ба ҳамтои амрикоии худ барои пешрафти бадастомада, инчунин барои меҳмоннавозӣ ва ташкили хуби мулоқот дар Аляска ташаккур гуфт.
Музокирот дар Кохи Сафед
Встреча Дональда Трампа и Владимира Зеленского. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Намояндагони Аврупо ҳам дар мулоқоти Трамп ва Зеленский ширкат мекунанд
Қаблан Доналд Трамп дар Кохи Сафед бо Владимир Зеленский музокироти дуҷониба анҷом дод.
Сипас ба музокирот раҳбарони аврупоӣ ҳамроҳ шуданд. Дар музокироти васеъ Дабири кулли НАТО Марк Рютте, раиси Иттиҳодияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, сарвазири Бритониё Кир Стармер, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садриаъзами Олмон Фридрих Мерц, президенти Финландия Александр Стубб ва сарвазири Италия Ҷорҷио Мелони иштиро доштанд.
Дар натиҷа, Зеленский бори аввал иқрор шуд, ки ба оташбас ҳамчун шарти идомаи муколама бо Маскав пофишорӣ нахоҳад кард.
Раҳбари Украина дар мулоқот эълон кард, ки омодааст масоили қаламравҳоро дар мулоқот бо Путин баррасӣ кунад. Аммо санаи дақиқи баргузории музокироти сеҷониба Путин, Трамп ва Зеленский маълум нест.
Президент РФ Владимир Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2025
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Занги Путин ба Раҳмон: Аз баррасии мулоқот бо Трамп то сафараш ба Тоҷикистон
Президенти Амрико Доналд Трамп музокироти гузаштаро хеле пурсамар номид.
Ҷонибҳо кафолатҳои амниятии Украинаро баррасӣ карданд, ки кишварҳои аврупоӣ дар ҳамоҳангӣ бо ИМА хоҳанд дод.
Трамп инчунин гуфт, ки вай аллакай ба омода кардани мулоқоти Путин ва Зеленский ва музокироти сеҷониба бо ширкати шахсии ӯ шурӯъ кардааст.
Вай ба ноиби президент Ҷей Ди Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва фиристодаи вижа Стив Уиткофф супориш дод, ки ҳамкориҳои байни Маскав ва Киевро ҳамоҳанг созанд.
Лентаи хабарҳо
0