Табодули коло миёни Тоҷикистону Чин 37% афзоиш ёфт

© Foto / Министерство экономического развития и торговли Республики ТаджикистанМинистр экономического развития и торговли Завкизода Завки Амин встретился с вновь назначенным послом Китайской Народной Республики в Республике Таджикистан Го Чжицзюнем
Министр экономического развития и торговли Завкизода Завки Амин встретился с вновь назначенным послом Китайской Народной Республики в Республике Таджикистан Го Чжицзюнем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2025
Обуна шудан
Мақомти Тоҷикистону Чин масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода дар мулоқот бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 37% рушд карда, 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Оқои Завқизода дар ин дидор таъкид кард, ки ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мунтазам рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Дафтари матбуоти вазорат иттилоъ додааст, ки барои ҷалби бештари сармояи Чин аз ҷониби вазир масъалаи оғози татбиқи 13 лоиҳаи афзалиятнок мавриди пайгирӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои қайдгардида изҳор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Чин дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2025
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Чин дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Бояд гуфт, ки моҳи июли соли 2025 сафири навтаъйини Чин дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар супорид.
Дар як ҳамоише сафири навтаъйин Го Жиҷун аз сатҳи баланди шарикии стратегии Чин ва Тоҷикистон қайд кард ва омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳор намуд.
Дар солҳои ахир Тоҷикистон бештар аз ҳама бо Русия ва Чин додугирифт кардааст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки кишвар, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2024 беш аз 8,9 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 572,7 миллион доллар ё қариб 6,9% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ҳиссаи Чин дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 20%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд ва ҳаҷми умумии сармоягузории Чин бештар аз 5 миллиард доллар аст.
Лентаи хабарҳо
0