https://sputnik.tj/20250819/afzoishi-nazarras-istehsol-mahsuloti-sanoati-tojikiston-1070155236.html
Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд дорад
2025-08-19T10:49+0500
2025-08-19T10:49+0500
2025-08-19T10:49+0500
дар тоҷикистон
саноат
маҳсулот
истеҳсол
рушд
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065167893_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5b2f195a58f960ffcd5de0b2f7039795.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 34,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24,5% афзудааст.Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 12,7%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,2% ба амал омадааст.Ҳамчунин дар моҳҳои январ - июли соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 11,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 баробар зиёд аст.Қайд карда шудааст, ки афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 5,6%, нафти хом ва гази табиӣ 2 баробар, маъданҳои филизӣ – 1,7 баробар, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 42,2% мушоҳида шудааст.Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 16,2 млрд сомонӣ расидааст.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 6% фоиз зиёд шудааст.Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар 7 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 6,6 млрд сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 12,7% баробар шуд.Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар давраи мазкур 206 миллион сомониро ташкил додааст.Зикр гардидааст, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд – 61% ва Хатлон – 19,4% афзалият доранд.Ҳамчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар 3887 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3361 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42068
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065167893_93:0:1230:853_1920x0_80_0_0_9abc965b280b8c15c721682198c8a9b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, рушд, омор, кишоварзӣ
тоҷикистон, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, рушд, омор, кишоварзӣ
Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд дорад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 34,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24,5% афзудааст.
Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 12,7%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,2% ба амал омадааст.
Ҳамчунин дар моҳҳои январ - июли соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 11,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,7 баробар зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 5,6%, нафти хом ва гази табиӣ 2 баробар, маъданҳои филизӣ – 1,7 баробар, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 42,2% мушоҳида шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 16,2 млрд сомонӣ расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 6% фоиз зиёд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва тозакунии ҳаво дар 7 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 6,6 млрд сомониро ташкил дода, рушди истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур ба 12,7% баробар шуд.
Ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа дар давраи мазкур 206 миллион сомониро ташкил додааст.
Зикр гардидааст, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд – 61% ва Хатлон – 19,4% афзалият доранд.
Ҳамчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар 3887 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3361 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.