https://sputnik.tj/20250818/deghoi-osh-raqsu-bozi-mahsuloti-tojiki-namoishgoh-ostona-1070149298.html
Дегҳои ошу рақсу бозӣ ва маҳсулоти тоҷикӣ: Намоишгоҳ дар Остона чӣ гуна гузашт - видео
Дегҳои ошу рақсу бозӣ ва маҳсулоти тоҷикӣ: Намоишгоҳ дар Остона чӣ гуна гузашт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон дар Остона беш аз 1000 тонна маҳсулоти вилояти Суғд ба фурӯш гузошта шуд
2025-08-18T18:20+0500
2025-08-18T18:20+0500
2025-08-18T18:20+0500
дар тоҷикистон
видео
остона
қазоқистон
намоишгоҳ
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/12/1070149038_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bcafe0693b7d64a7b2aed111f057f8ba.jpg
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) маҳсули дасти худро пешниҳод намуданд.Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.Дар Остона намоишгоҳи маҳсулот ва таомҳои миллии Тоҷикистон чӣ гуна гузаштДар намоишгоҳ ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40–50 тонна маҳсулот пешкаш намуд.Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Қазоқистон гарм истиқбол шуд.Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат менамоянд.Қазоқистон содироти орду ғалларо ба Тоҷикистон ба маротиб афзоиш додДар маркази майдон намоишу фурӯши маҳсулоти гуногун, сабзавоту мева ва таомҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.Дар доираи барнома аҳли ҳунару санъат бо консертҳои пурмазмун ва саҳнаҳои театрӣ, ки дӯстию рафоқати мардумони ду давлатро таҷассум мекарданд, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/12/1070149038_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_b9ef027bff4f89fc4d02d97974d24240.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, маҳсулот, остона, қазоқистон, ош, рақс, суғд,
тоҷикистон, видео, маҳсулот, остона, қазоқистон, ош, рақс, суғд,
Дегҳои ошу рақсу бозӣ ва маҳсулоти тоҷикӣ: Намоишгоҳ дар Остона чӣ гуна гузашт - видео
Дар намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон дар Остона беш аз 1000 тонна маҳсулоти вилояти Суғд ба фурӯш гузошта шуд
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.
Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) маҳсули дасти худро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40–50 тонна маҳсулот пешкаш намуд.
Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Қазоқистон гарм истиқбол шуд.
Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат менамоянд.
Дар маркази майдон намоишу фурӯши маҳсулоти гуногун, сабзавоту мева ва таомҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.
Дар доираи барнома аҳли ҳунару санъат бо консертҳои пурмазмун ва саҳнаҳои театрӣ, ки дӯстию рафоқати мардумони ду давлатро таҷассум мекарданд, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.