https://sputnik.tj/20250817/dastur-rahmon-kishovarzon-tursunzoda-dushanbe-1070089652.html
Дастури Раҳмон ба кишоварзони Турсунзода барои таъмини бозорҳои Душанбе бо озуқаворӣ
Дастури Раҳмон ба кишоварзони Турсунзода барои таъмини бозорҳои Душанбе бо озуқаворӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол аз заминҳо ва боғҳо ҳосили хуб ба даст овардаанд: кишвардор барои истифодаи самараноки он дастуру супоришҳо дод 17.08.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-08-17T11:48+0500
2025-08-17T11:48+0500
2025-08-17T11:48+0500
эмомалӣ раҳмон
турсунзода
дастуру супоришҳо
бардошти ҳосил
шолӣ
рушди соҳаи кишоварзӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070089454_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_0f1edc97bb0c220dce6cefa21ae34225.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар рафти боздид кишардор барои истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ дастуру супоришҳо додааст.Ҳамин тавр, президент аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан кардааст. Тибқи гузориши манбаъ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад.Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
https://sputnik.tj/20250709/afzoish-sodirot-mahsulot-kishovarz-sughd-rusiya-1068744125.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070089454_48:0:1185:853_1920x0_80_0_0_e91df4a3789f7ac9777af409b1568b67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, турсунзода, дастуру супоришҳо, бардошти ҳосил, шолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, кишоварзӣ
эмомалӣ раҳмон, турсунзода, дастуру супоришҳо, бардошти ҳосил, шолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, кишоварзӣ
Дастури Раҳмон ба кишоварзони Турсунзода барои таъмини бозорҳои Душанбе бо озуқаворӣ
Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол аз заминҳо ва боғҳо ҳосили хуб ба даст овардаанд: кишвардор барои истифодаи самараноки он дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар рафти боздид кишардор барои истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ дастуру супоришҳо додааст.
"Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони шаҳр барои зиёд намудани истеҳсолот, паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами деҳқонони Турсунзода, афзун намудани қудрати содиротӣ ва захираи озуқаворӣ барои зимистон, пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти пойтахт, дастуру ҳидоятҳо дод", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, президент аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан кардааст.
Тибқи гузориши манбаъ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.