https://sputnik.tj/20250817/bursiyaho-tojikiston-muhojir-afghoniston-1070100466.html
Мақомоти Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон бурсияҳои таҳсил ҷудо кард
Мақомоти Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон бурсияҳои таҳсил ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони мактаби “Сомониён”-и назди сафорати Афғонистон дар Душанбе барои ба даст овардани 25 бурсия ё квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро имтиҳон супориданд
2025-08-17T14:12+0500
2025-08-17T14:12+0500
2025-08-17T14:12+0500
маориф
дар тоҷикистон
афғонистон
паноҳандагон
донишгоҳ
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064296014_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_570608d933a5ae9f78358ad99a7d0230.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Хонандагони мактаби “Сомониён”-и назди сафорати Афғонистон дар Душанбе 25 бурсия ё квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро ба даст оварданд.Дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз вазорати маорифи Тоҷикистон ба сафорат хабар омад, ки ҳукумати Тоҷикистон 25 бурсияи таҳсилӣ барои шогирдони мумтози мактаби Сомониён ихтисос додааст. Вай афзуд, барои муайян кардани 25 шогирди мумтоз дар мактаби “Сомониён” як имтиҳони аланӣ ва шаффоф баргузор шуд ва онҳое, ки воқеан мумтоз буданд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат гирифтанд. “Ҳайати комиссия аз омӯзгорони мактаби “Сомониён” ва атташеи маорифи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳамчунон волидаёни шогирдон низ ҳузур доштанд”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон. Ба ҳамин минвол, бино ба иттилои сафир, 17 духтар ва 8 писар аз ҷумлаи шогирдони мактаби “Сомониён” ба факултаҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тиббӣ, журналистика, саноату куҳкорӣ, иқтисод роҳхат гирифтанд. Мактаби “Сомониён”, танҳо муассисаи таҳсилотии муҳоҷирини Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар солҳои 1990 фаъол шуда, дар тавозуни вазорати хориҷаи Афғонистон қарор дошт. Аммо ҳоло сарпарастии онро сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бар уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20250725/zindagi-panohjuyon-afghon-sughd-video-1069409866.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064296014_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_a3b1763dcb6243b7cc41df4a951d3937.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бурсия, тоҷикистон, муҳоҷир, афғонистон
бурсия, тоҷикистон, муҳоҷир, афғонистон
Мақомоти Тоҷикистон барои паноҳандагони афғон бурсияҳои таҳсил ҷудо кард
Эксклюзив
Хонандагони мактаби “Сомониён”-и назди сафорати Афғонистон дар Душанбе барои ба даст овардани 25 бурсия ё квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро имтиҳон супориданд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Хонандагони мактаби “Сомониён”-и назди сафорати Афғонистон дар Душанбе 25 бурсия ё квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро ба даст оварданд.
Дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз вазорати маорифи Тоҷикистон ба сафорат хабар омад, ки ҳукумати Тоҷикистон 25 бурсияи таҳсилӣ барои шогирдони мумтози мактаби Сомониён ихтисос додааст.
“Ин иқдоми неки давлати Тоҷикистон ва вазорати маориф ва таҳсилоти олии ин бурсияҳо намоди дӯстии амиқ миёни ду миллат ва гоме арзишманд дар ростои иртиқои илми ҷавонон Афғонистон аст”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Вай афзуд, барои муайян кардани 25 шогирди мумтоз дар мактаби “Сомониён” як имтиҳони аланӣ ва шаффоф баргузор шуд ва онҳое, ки воқеан мумтоз буданд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.
“Ҳайати комиссия аз омӯзгорони мактаби “Сомониён” ва атташеи маорифи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳамчунон волидаёни шогирдон низ ҳузур доштанд”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Ба ҳамин минвол, бино ба иттилои сафир, 17 духтар ва 8 писар аз ҷумлаи шогирдони мактаби “Сомониён” ба факултаҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тиббӣ, журналистика, саноату куҳкорӣ, иқтисод роҳхат гирифтанд.
Мактаби “Сомониён”, танҳо муассисаи таҳсилотии муҳоҷирини Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар солҳои 1990 фаъол шуда, дар тавозуни вазорати хориҷаи Афғонистон қарор дошт. Аммо ҳоло сарпарастии онро сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бар уҳда дорад.